Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Беҳрўз Зеваров: Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз!

$
0
0

- Беҳрӯз нахустсуолам аз шумо ин аст, ки айни замон шоу- бизнеси тоҷик дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Барои Осиёи Миёна сатҳи шоу- бизнеси тоҷик хеле хуб аст, яъне сатҳи баландтарин ҳам набошад, баланд аст. Зеро истеъдодҳои беҳтарин дар мо хеле зиёданд, аммо мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳое, ки истеъдодҳои асил паси парда мемонанд. Мушкилии дигари шоу- бизнеси мо дар набудани продюсер ҳаст. Бале, имрӯз бештари одамон «ман продюсери фалонӣ» гуфта дағдаға мекунанд. Аммо вазифаи ин ба ном продюсерҳо танҳо дар ҷавоб додан ба зангҳои журналистон ва гирифтани дархости тую маъракахо мебошад. Аммо продюсер тамоман каси дигар аст. Продюсер бояд кулли корҳои сарояндаҳоро ба ӯҳда гирад. Продюсер ҳатто вазифадор аст, ки барои нишон додани маданияти баланди сароянда саҳмгузор аст.
- Шумо шахсан ин корро мекунед?
- Ин суолро беҳтараш аз сарояндаҳое, ки бо ман ҳамкорӣ доранд, пурсед.  Як чиз ба ёдам расид. Замоне як сароянда гуфта буд, ки дар Тоҷикистон продюсер нест. Ба гуфти ин сароянда продюсер бояд кулан аз ҳисоби худаш сарояндаро «ситора» кунад. Баъд ман ба ӯ гуфтам, ки ман ку аз ҳисоби худам туро «ситора» мекунам, аммо ту ба ман чӣ медиҳӣ? Оё ту медонӣ, ки баъди ин ту ба пули аз ҳисоби тӯйҳои рафтаат ҳуқуқ надорӣ? ӯ бошад гуфт, ки не ин тавр нест. Он пулхо моли ман ҳастанд. Хандаам омад гуфтам, ки агар ман ин ҳама захмату пулро бароят сарф кунаму ту ба ман маблағе надиҳӣ, пас аз у фоида, дар сурате, ки ман ҳатто ба ҷои ту андози давлатро месупорам, ту ба ман чӣ? Вақте сароянда чунин даъво дорад, бояд кули қоидаҳоро риоя намояд, зеро вақте продюсер сарояндаро аз 0 гирифта «ситора» мекунад, баъди маҳбубият сароянда кулан аз продюсер вобаста мешавад. Дигар ҳамаи он даромадҳо бо розигии продюсер ба сароянда тақсим мешавад. Бинобар ҳамин ҳам мо шартҳоеро мондаем, ки на сих месӯзаду на кабоб. Дар сурати иҷро нагардидани шартномаи тарафайн ҳамкории мо бо сарояндаҳо қатъ мегардад.
-Пас онҳое, ки бо шумо ҳамкориро қатъ намуданд, бо гуноҳи иҷро нагардидани шартҳо аз «Топ Медиа» ихроҷ гардиданд? Бо мегӯянд, ки Беҳрӯз моро фиреб карда пулҳоямонро беҳуда мегирифт?
- (Механдад). Ин тӯҳмат аст. Онҳо худ ба қавле аз сарфи пули худ тарсиданд. Ҳол он, ки барои ҳамқадами замон будан дар ҳар қадам пул лозим аст. Он стилист бепул туро оро медиҳад? Аксбардор бепул сурат мегирад? Клипмейкер бепул клипи туро месозад? Соҳиби он тарабхона ё меҳмонхона ба ту меҳмонхонаро бепул кироя медиҳад? Не! Ҳамаи инҳо бо пул мешавад... Аммо сарояндаҳои мо гумон мекунанд, ки инҳо ҳамаи бепулу азбарои савоб аст. Мо барои ҳар суруд шартнома мебандем ва он пули додаи сарояндаҳо бор дарназардошти кулли хароҷот аст. Беҳрӯз агар пул мегирифт аввал аз Нигина, Тахмина, Валиҷон, Мехрнигор, Ҷонибек ва дигарон мегирифт, ки тули ин қадар солҳо бо онхо ҳамкорӣ дорад. Аммо чаро як бор дар ягон ҷо шикоят накарданд, ки Беҳрӯз пули маро хӯрд? Ҳол он ки клипҳое, ки барои овозхонон мо дар хориҷа мекунем, сифати баланд дар Тоҷикистон буда, ба тамоми стандартҳо ҷавобгӯ ҳастанд.  Агар шикоят мекард, аввал он сарондае мекард, ки аз аввал бо мо хамкори карда истодааст, - Ҷонибек шикоят мекард, ки Беҳрӯз пули маро хӯрд. Аммо ӯ ку ба ягон кас нагуфтааст. Акнун худ қазоват кунед, ки фарқи ҳақиқат аз куҷо то ба куҷост.
- Пас чаро аз болои тӯҳматчиён ба суд барои паст задани шарафи инсониятон муроҷиат намекунед?
- Ба одами намефаҳмидагӣ сухан ҳайф аст. Боз аксари онҳо зан ҳастанд. Нишонаи мардӣ нест, ки аз болои зан ба суд муроҷиат кунӣ. Бисёри онҳо хуб ғайбат карда рафтанд, боз омада узрхоҳӣ намуданд, ки «Акаи Беҳрӯз мо ҳамаша фаҳмидем. Онҳое, ки мор о бо шумо ҷанг андохтанд, мехостанд, ки шуморо сиёҳ кунанд. Агар зид набошед, боз дубора корамонро оғоз кунем» 
-Шумо чӣ?
- Рости гап аввалҳо дубора бо онҳо кор мекардам, аммо боз ҳамон аҳвол. Дигар хаста шудам ва пеши худ қарор дорам, ки каси рафтаро дубора қабул намекунам. Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Ҳақиқат ҳама вақт ошкор мегардад.
- Бубинед, шумо мегӯед, ки сатҳи шоу- бизнеси мо баланд аст, дар сурате, ки сарояндаҳои мо шоу- бизнеси тоҷикро танҳо дар тӯйгарди мебинанд.  Ҳатто ҳастанд одамоне, ки ба мавҷудияти шоу- бизнеси тоҷик умуман бовар надоранд. Ба инаш чӣ мегӯед?
-  Бисёр саволи бамаврид. Агар аз як ҷиҳат гирем ин сухани сарояндаҳои мо ҷон дорад. Бубинед, сароянда то 40000 сомони клип месозад. Аммо ба 1000 сомони мефурӯшад ё умуман аз дасти пиратҳо фурӯхта наметавонад. Адолат куҷост? Сароянда масраф мекунад, аммо зарар мебинад. Ё ба 2000 сомони фотосессия мекунад, аммо бепул ба рӯзноманигорон тақдим мекунад. Барои дар журналҳо баромаданаш боз пул медиҳад. Барои чӣ? Танҳо барои он ки мардум ӯро шиносанд. Дар бораи нархи толорҳо хубтараш сухане нагуем. Чун айни замон ягон кас тайёр нест, ки пули як хонаро барои се соат кирои «Кохи Борбад» масраф намояд. 
- Воқеан, замоне овоза шуда буд, ки сарояндаҳо гуфтаанд бо ёрии сарпарастон як толор месозем бо тамоми таҷҳизоташ фақат иҷозат диҳанд. Тақдири ҳамон толор чӣ шуд?
- Ба гӯши ман ҳам ин овоза расид. Аммо баъд чӣ шуд, намедонам. Фикр мекунам, ки иҷозат намешавад.
- Чаро?
- Чун мо толорҳои консертӣ зиёд дорем, аммо мутаассифона, ба оддитарин стандартҳои консертгузаронӣ ҷавобгӯ нестанд. Хуб мешуд, ки сарояндаҳо пешниҳодҳои худро бобати норасогии лавозимот кунад. Лоақал лавозимоти хуб муҷаҳаз гардад. Он тарафаш осон.
- Имрӯзҳо аксари сарояндаҳо аз роҳ наёфтан ба телевизионҳои давлати шикоят мекунанд…
- Рафта сабабашро пурсанд. Бесабаб  ягон корро намекунанд. Дар урфият мегӯянд, ки «Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз». Мехоҳӣ ба телевизион роҳ ёбӣ, пас бо он талаботи онҳо мувофиқ бош. Агар талабот писанд нест, пас хомӯш истӣ хубтар аст.
- Сатҳи клипсозӣ дар мо чӣ гуна аст. Чун аксар сарояндаҳо дар хориҷ клип мекунад?
- Хушбахтона, бо дилпуррӣ гуфта метавонам, ки дар мо айни замон сатҳи клипсозӣ хеле олӣ шудааст.
- Акнун биёед, бобати чорабиниҳои консертӣ гап занем. Бобати озмунҳо чӣ гуфта метавонед?
-  Консертҳо ҳамааш қолабӣ ҳастанд. Аллакай одамон медонанд, ки кӣ баромад мекунанду кӣ роҳаш барои иштирок дар чорабиниҳои давлатӣ баста аст. Озмунҳо тамоман ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд. Озмун эълон мекунанд, аммо ба ҳама ҷоиза медиҳанд. Ягона озмуне, ки каме хубтар аст, ин озмуни «Ҷило» ва «Тамошоу» мебошад, ки ҳар сарояндаро дар категорияи худаш ғолиб эълон мекунанд.
- Беҳрӯз шумо акнун ҷавоне ҳастед, ки бобати зиндагии шумо мардум алакай мароқ зоҳир карда истодаанд. Ҳатто баъди меҳмон шуданатон дар саҳифаи «Ошхонаи Оила» як духтар занг зада иқрор шуд, ки бо дидани аксатон дар рӯзнома ошиқи зор шудааст. Харчанд ба ӯ мефаҳмондем, ки Беҳрӯз алакай оиладор аст, бовар намекунад…
- Беҳуда он духтарро ноумед кардед…
- Чииӣ? Дарди «ситора»- ҳо ба шумо низ таъсир расонид, ки ба фиреб кардани духтарони бечора пардохтед. Аксари сарояндаҳо «ман ҳоло оиладор не, дар ҷустуҷӯи маликаи орзуҳоям ҳастам» гуён сари духтаронро гаранг мекунанд. Ҳеҷ гумон намекардам, ки шумо барин басаи бамаънӣ боз аз оилаи профессор ба фиребкунии духтарон мепардозад, беҳуда намегуфтаанд, ки «Харбуза аз харбуза ранг мегирад»…
- Лутфан «Аввал пурсиш баъд кушиш» гуфтаанд Фарангисбону. Воқеан ман оиладор шуда будам, аммо…
- Чаро шуда будам, Беҳрӯз магар шумо ҳамоне набудед, ки барои ин тӯй ним сол пешакӣ тайёри медидед ва чаро бобати оиладориятон чун замони гузашта ҳарф мезанед?
- Ман аз ҳамсарам ҷудо шудам.
-Чӣ? Шумо ҷиддӣ  гуфта истодаед?
- Магар ман ба ягон ҳаҷвнигор монандам, ки шӯхӣ мекунам? Баъд, ин ки бо ин хел гап шӯхӣ кардан намешавад. Ин ҳақиқат аст, ҳақиқати талх.
- Сарояндаҳ-ку дарди бахайр, баҳонаашон тайёр аст, ки ҳмсарам маро намефаҳмид, бисёр рашк мекард. Шумо чӣ?
- Фарангис ман ба дигарон кор надорам ва одати касеро бад карданро надорам, хусусан онеро ки бо ӯ якҷо зиндагӣ кардаам. Ҳар чӣ буд ё не гузашт ман ба ӯ бахт мехоҳам. 
 

Сӯҳбаторо: Фарангиси Фармон

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>