Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Фасод дар нуқоти мубодилаи арз

$
0
0

Садҳо ҳазор сомонию доллар дар ҷайби саррофон («валютчикҳо»), оё амалиёти ин нуқот қонунист? Чаро маблағҳо ба бонкҳо намерасанд? Чаро амалиёташон зери назоратӣ қатъӣ нест?...

Имрӯзҳо қариб ҳар сари қадам ба нуқоти мубодилаи арз вомехӯред. Дар атрофи бозорҳо, марказҳои савдо, хиёбонҳои марказию канорӣ-хулоса ҳама ҷо чунин нуқтаҳо мавҷуданд.

Ин бесабаб нест, зеро ҳамаи онҳо ба манфиати шахсии худ кору фаъолият мекунанд. Ҳам нуқоти аз тарафи бонкҳо буда ва ҳам шахсӣ ғайриқонунианд.

Чаро? Ба он хотир, ки маблағи ивазшаванда новобаста аз он ки ҳаҷман калон ё хурданд, бидуни асноди бонкӣ сурат мегиранд. Дар натиҷа маблағ дар дасти «валютчик» мемонад ва онро ба мақсади худ гардиш медиҳад.

Агар ба қавонини бонкӣ назар афканем, бояд ба ҳар маблағи ивазшуда бояд санади ё чеки бонкӣ дода шавад. Дар ин сурат маблағ мустақиман ба бонк ворид гашта, он аз рӯйи қонун сурат мегирад.

Дар нуқоти мубодила ҳамарӯза то даҳҳову садҳо ҳазор пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иваз мешавад, вале он ба бонк намерасад, ба истиснои фоизи ночиз. Чунин ҳараҷу мараҷ танҳо дар Тоҷикистон ба чашм мерасад. Дар мамолики дигари дунё кор аз рӯйи қавонини бонкӣ сурат мегирад. Солҳои пешин, чуноне ёд дорам, ҳангоми аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон убур кардан, маблағи асъоратонро дар шиноснома сабт мекарданд. Вақти бозгашт ба пули ивазкардаатон ҳуҷҷати бонкро талаб мекарданд. Яъне шумо ғайри бонк дар ҷойи дигар ҳаққи иваз кардан надоштед. Ҳамчунин, дар Покистон низ дар нуқоти мубодила ҳатман санади бонкӣ дода мешуд. Қонун риоя карда мешуд.

Аз ин рӯ, дар мо низ маблағе, ки дар нуқоти мубодила иваз мешавад, ба таври расмӣ бояд сурат гирад, яъне дар чеки бонк сабт гардад.

Бояд хотирнишин кард, ки дар баъзе нуқоти мубодила чеки бонкӣ ҳаст, вале «валютчикҳо» аз он истифода намекунанд. Сабаб худ аз худ маълум аст. Ин ба фоидаи онҳо нест.

Шояд бо ҷорӣ кардани қонун, пеши роҳи беқурбшавию ба хориҷи кишвар баровардани асъор то андозае гирифта шавад. Шояд!

Э. Камолзода

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Latest Images

Trending Articles



Latest Images

<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>