Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Сари Тешабоевро кӣ аз тан ҷудо кард?

$
0
0

Мурофиаи  ду сарбози пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон сар шуд.

Баррасии парвандаи ду сарбози рус, ки дар қатли таксирони тоҷик -- Раҳимҷон Тешабоев айбдор мешаванд, дар Суди гарнизони ҳарбии 109-и пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст.Суди гарнизони ҳарбии №109-и пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 4 август ба муҳокимаи ду сарбози ин пойгоҳ -- Илдар Сахапов ва Федор Басимов шурӯъ кард, ки дар куштори таксирони тоҷик Раҳимҷон Тешабоев айбдор мешаванд. Як мақоми Суди гарнизони ҳарбии №109  гуфтааст, ки мурофиа ба таври боз ё кушода сурат мегирад.

Ин ду сарбози пойгоҳи Русия рӯзи 26 августи соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштаанд.Пештар як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Федор Басимов аз Раҳимҷон Тешабоев 50 000 рубл қарздор будааст ва ӯ аз ҳамхидматаш Илдар Сахапов машварат пурсидааст, ки бо "таксист"чӣ кунад?Онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо  16 августи соли 2014 талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд."Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем"гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фудор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.Дар лаҳзаҳои аввали боздошт масъулони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки Илдар Сахапов ва Федор Басимов бемории равонӣ доранд ва моҳи октябри соли гузашта онҳо барои ташхис ба бемористоне дар Екатеринбург фиристода шуданд. Ин ташхис, ки беш аз як моҳ идома кард, бемори равони будани ин ду сарбози русро рад намуд ва сипас онҳо боз ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>