
Субҳи 4-уми август афсари милитсия дар ноҳияи Рӯшон худро паррондаст.
Мувофиќи маълумоти ба мо расида Ганҷур Ҳайдарбеков, лейтенанти милитсия дар пайи тирпаронии маргбори 29-уми июл даст ба худкушӣ задааст. Қазияи худкушии афсари милиса ба силоҳи ғайриқонуние рабт дода мешавад, ки бо истифодаи он рӯзи 29-уми июл дар маркази ноҳияи Рӯшон Кименов Бадавлат, донишҷӯи 20-солаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ паронда шуд. Вазорати корњои дохилӣ гуфтааст,ки он тирпаронӣ баъди авбошии гуруҳи 9 нафарии сокинони Рӯшон сар задааст: “Рӯзи 29.07.с.2015, тахминан соати 01:00-дақиқа дар назди “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Рӯшон ин гурўњ аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-Крузер”, Ёқубов Асрат сокини деҳаи Барӯшонро лату кӯб намудаанд”.
Ёқубов баъди бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ аз хонаи истиқоматиаш тапончаи тамғаи “Макаров”-ро, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст, гирифта ба назди “Тоҷиктелеком” баргашта, ба тарафи ҷавонони номбаршуда тир холӣ мекунад: “Дар натиҷа шаҳрванд, Кименов Бадавлат, донишҷӯи бахши дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, аз қисмати сараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”.