
Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон иттилоъ додааст,ки мубориза бо хомӯшак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабаби сӯхтор дар як хонаи истиқоматӣ гардидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, марди 39-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми истифодаи шамъ барои хомушакҳо онро беназорат гузоштааст, ки дар натиҷа дар масоҳати 35-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст: “Зарари расонидашуда 8800-сомониро ташкил медиҳад”.
Хадамоти оташнишонӣ инчунин иттилоъ медиҳад, ки 3-юми август дар сехи матрасбарории як зани 41-сола дар шаҳри Душанбе масоҳати 100-метри мураббаъро сӯхтор фаро гирифтааст: “Дар натиҷаи сӯхтор моли дохили анбор сӯхта корношоям шудаанд. Сабаб ва зарари сӯхтор муайян карда мешавад
Addthis: