Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе –Айнӣ ва марги 5 нафар

$
0
0

Субҳи имрӯз дар километри 54 –уми шоҳроҳи Душанбе –Айнӣ садамаи шадиди нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст.

Он гунае ки хабарнигори “pressa.tj” аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад, мошина "Опел караван" ки аз самти Айнӣ ҷониби Душанбе ҳаракат мекардааст, ба садама бархӯрда ба дарё сарозер мешавад. Дар натиҷаи ин садама ду тан аз мусофирони дохили мошин наҷот меёбанд, ки ҳоло дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд. Панҷ тани дигар аз мусофирон ба дарё ғарқ шуда ҷасади як кӯдак ва як сокини шаҳри Панҷакент то ҳол аз об бароварда шуда, 3 тани дигар ки миёни онҳо ронанда- сокини деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент ҳам ҳаст, то ҳол пайдо карда нашудаанд.Бояд зикр намуд, ки  ҳамаи мусофирони автомашина аҳли як оила будаанд. Ёдовар мешавем ки хабарнигори мо дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, аз натиҷаи кофтукови наҷотдиҳандагон ба хабар хоҳад дод.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>