Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Раҳима Шалоэр озод шуд

$
0
0

Раҳима Шалоэр, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки ба ҷурми "қаллобӣ"равонаи зиндон шуда буд, баъд аз пардохти маблағи гирифтааш аз як сокини Душанбе аз идомаи адои ҷазо озод шудааст.

Раҳима Шалоэр  ва ду ҳамроҳаш -- Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова, ки моҳи гузашта ба ҷурми гирифтану барнагардондани 35 ҳазор доллари як сокини Душанбе равонаи зиндон шуданд, рӯзи 31 июл бо қарори нави Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз идомаи давраи ҷазо озод гардидаанд.

Абдулбузург Асозода, вакили мудофеи Шалоэр гуфт, ки раҳоии нафари таҳти ҳимояти ӯ ва ҳамроҳонаш баъд аз пардохти ин миқдор пул имконпазир шудааст. “Наздикони Раҳима Шалоэр маблағи қарздории ӯро пурра пардохт карданд ва бо назардошти ин, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мурофиа баргузор намуда, ӯро озод кард,” -- афзуд вакили мудофеъ.

Раҳима Шалоэр бар асоси шикояти Ойиша Абдуллоева, як сокини пойтахт, ба додгоҳ кашида шуд. Абдуллоева иддао кард, ки Раҳима Шалоэр аз ӯ 35 ҳазор доллар пулашро гирифта, аммо барнагардондааст.

Моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Шалоэрро бо иттиҳоми қаллобӣ ба 8 соли зиндон маҳкум намуд ва тибқи қонуни авф ду соли онро ихтисор ва 6 соли зиндонро нисбат ба вай таъин кард. Раҳима Шалоэр ҳамроҳи ду нафари дигар -- Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ) айбдор дониста шуданд. Шарикони Шалоэр - Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова 10-солӣ равонаи зиндон шуданд.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles