Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Дарди ҷарроҳ Кӯлобиев:кӣ сафедро сиёҳ кардан мехоҳад

$
0
0

Додарам сахт бемор шуд. Мо гумон кардем, ки шикамдард ҳасту ба тадриҷ хуб мешавад. Дар ҳолате, ки аз зинда монданаш умед набуд, ӯро ба бемористон бурдем. Рӯзи истироҳатӣ буд. Ба назди духтур рафтем, то мушкили моро осон намояд. Ӯ гуфт, ки агар дар  ин рӯз ҳама мурад ҳам, ба ҷое намеравад.

Дилсард гашта  бо умед вориди ҳавлии ҷарроҳ  Бегмад Кӯлобиев гаштем. Дасту пояш пур аз лой барои андова лой  тайёр мекард. Ӯ зуд  пойҳои пурлояшро шуста  ҷониби шифохона шитофт. Маризро ташхис карда гуфт, ки куррӯда аллакай кафидааст. Додарамро ҷарроҳӣ кард ва он бомуваффақият анҷом ёфт. Имрӯз ба шарофати  духтури ҷарроҳ Бегмад Кӯлобиев  додаракам саломат бо  мост,- гуфт яке аз шоирони деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, ки  бо таронаҳояш дар саросари кишвар маъруфият дорад. Дар мавриди садоқати Кӯлобиев  нисбат ба касби худ дилсӯз будан, бе тамаъ хизмат расонданаш ҳангоми суҳбат садҳо нафари дигар ҳарф заданду афсӯс хурданд, ки   Суди Олӣ сафедаш карду боз рақибони нотавонбинаш айбҷӯиаш карданд. Ба гуфтаи фарзандаш Шафқат, ки худ ҳуқуқшинос аст, ҳамаи ин озордиҳиҳо супоришист.

-Онҳое, ки  ӯро ду сол азоб доданд, худ бо ҷурми гирифтани пора айбдор шудаанд  ва имрӯз дар маҳбас худро «тоза» мекунанд. Ҳамон кормандоне, ки бо ҷурми порахӯрӣ дастгир шуда буданд, наздикон ва ҳамтабақонашон инро аз оилаи мо диданд ва дубора аз паи ниқоргирӣ аз падарам шуданд, -бо қатъият мегўяд фарзанди ҳуқуқшиносаш Шафқат.

- Ман далелҳо ва  сабтҳоеро дар даст дорам, ки бегуноҳии падар ва ҷурми зиёди гӯркобонашро собит месозад.  

Бегмад  ба ҳайси сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи  Шӯрообод фаъолият мекард. Кораш хуб буд, аммо аз  байн пишаки сиёҳ магар гузашт, ки Прокуратураи ноҳияи Шӯрообод аз болояш парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, ӯро бо се моддаи КҶТ аз ҷумла, ғайримақсаднок истифода бурдани амволи давлатӣ, пешниҳоди пора ба прокуратураи ноҳияи  Шӯрообод ва истифода аз мақоми хидматӣ айбдор донист. Барои исботи бегуноҳияш ба кадом идораҳое сар нахалонд. Оқибат шикояти ӯро Суди Олии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода, Бекмад Кӯлобиевро сафед кард. Сафедкунандааш даъво бар он кард, ки маоши дар давоми ду сол нагирифтааш ва зарари рўҳӣ кашидаи зерҳимояаш, барқарор карда шавад. Ин навбат  ӯ ба ҳайси духтури одӣ, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шӯрообод кор мекард. Мардуми ноҳияи Шӯрообод бошанд, Бекмадро аз пуртаҷрибатарин духтурони ҷарроҳ медонанд, ки дар шароити мушкили куҳистон кор мекунад ва мардум ариза навиштаву талаби онро доранд, ки ин табиби ҳозиқ ва сарвари кордон ба вазифаи пештарааш барқарор карда шавад. Баъди аз ҷониби Суди Олӣ,   сафед шудани Кӯлобиев, прокурори ноҳияи Шӯрообод Ғиёсиддин Умаров, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд, барои гирифтани ришва боздошт шуд. Ҳамчунин,  бо гуноҳи гирифтани пора, прокурори  Прокуратураи минтақаи Хатлон  Ғазалшоҳ Мазориев, ки дар мурофиаи судӣ ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ ширкат дошт, аз худи Кӯлобиев «барои мусоидат дар сафед шуданаш»,  мавриди боздошт қарор гирифт. Умаров баъдан ба 7 сол ва Мазориев ба муддати 3 сол паси панҷараи маҳбас  рафтанд. Ба гуфтаи наздикони Кӯлобиев, боздошт ва маҳкумияти ин ду прокурори баландмақоми маҳаллиро кори дасти Кӯлобиев мешуморанд.

Аз озодиаш як сол сипарӣ нагашта, Кўлобиевро  бо гумони "ғорати телефон"боздошт карданд. Айбе,  ки ҳаргиз ба ӯ намечаспад.

Вақте ки Амировро ба ҷойи Кӯлобиев сардухтур таъйин карданд, Кӯлобиев барои маслиҳат ба наздаш даромад. Ҳеҷ бовар надошт, ки ҳамкасбаш ӯро ба ғоратгарӣ туҳмат мекунад

-Омада, бо ман ҷанҷол кард ва дар ҳузури чанд нафар маро таҳқир намуд. Ин ҳолатро тариқи телефонам сабт кардам, вале ӯ телефонро аз ман кашида гирифт ва  баромада рафт. Баъди ин ба зиддаш шикоят кардам, -мегӯяд Ҷумъа Амиров.

Аммо мардум чизи дигар мегӯянд.

- Кӯлобиев беш аз 20 сол дар ноҳияи Шӯрообод ба ҳайси ҷарроҳ фаъолият кардааст. Аксари сокинон  аз ӯ ҳамчун ҷарроҳи беҳтарин  ва дасташ сабук ном мебаранд. Ӯ ҳаргиз ғоратгар нест,-гуфт яке аз рӯзноманигорони куҳансоли ин минтақа.

Ҳоло дар баробари телефон он  айбҳое, ки пеш аз ҷониби суд беасос дониста  шуда буданд, дубора мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.  Сабабаш талаби товони ҳабси беасос буд.

-Борҳо кормандони прокуратура аз падарам хоҳиш карданд, ки ин даъворо бозпас гирад. Гуфтанд, ки шумо талаби товон доред, прокурорҳо кашокаш меандозанд. Судяи парванда ҳам гуфта буд, ки даъвоятонро пас гиред, ки оқибати хуб надорад. Ин ҷо дар аввал хусумати раиси ноҳия ба падари ман буд, баъдан вақте 2 прокурорро боздошт карданд, инҳо ҳам хусумат пайдо карданд. Далел дорам, ки аз падарам қасос мегиранд, аммо ҳар ҷое муроҷиат мекунам, боз кор ба прокуратура меафтад, ки ягон фоидаашро намебинам, -мегӯяд Шафқати Бегмадзод, писари Бегмад Кӯлобиев.

 -Ҳамаи кор дар доираи қонун анҷом мешавад. Ғарази шахсӣ фақат гапи беасос аст.  Ин парвандаро кормандони Агентии зидди коррупсия низ санҷидаанд,-мегӯяд Хусрав Ғӯраев, прокурори шаҳри Сарбанд ва роҳбари гурӯҳи тафтишотии  ин парванда.

Низомиддин Ёқубов, яке аз вакилони дифоъи Бегмад Кӯлобиев мегӯяд, зерҳимояаш дар вайрон кардани бандҳои 245 ва 316-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ғоратгарӣ ва сӯйистифода аз мансаб - гумонбар дониста мешавад. Аммо  ба гуфтаи ӯ, дар кирдорҳои зерҳимояаш  вайронкунии ин моддаҳо комилан дида намешавад: -Ягон далели кофӣ вуҷуд надорад. Моддаи 345 ӯро ба ғайриқонунӣ зерҳақдор кардани зердастонаш гумонбар медонад. Ин асос надорад, зеро кормандон танҳо ҳаққи меҳнат гирифтаанд ва инҷо исрофкориву азхудкунии маблағҳо дида намешавад. Ғорати телефонии мобилӣ ҳам асос надорад. Дар назди мо нафари шикояткунанда исбот карда натавонист, ки зерҳимояи мо телефони ӯро ғорат кардааст. Ба ҳамаи нигоҳ накарда, табиби ҳозиқ, марди ҳақпараст дар кинаю фитна афтода беш аз якуним сол аст, ки дар ҳабси муваққатї мавриди тафтиш қарор дорад. Ҳоло бошад прокуратура ӯро мехоҳад ба куштор айбдор кунад, ки  комилан беасос аст.Чашми мардум бошад ба роҳи бозгашт ва сафедшавии навбатии ӯст ....

Иззатбеки Идизод,  «Тоҷикистон» ,№30,2015

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>