
Базаи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон барои пайдо кардани сарбози гумшудаи худ -- Александр Терентев ҷоизаи пулӣ эълон кардааст.
Муовини фармондеҳои қисми ҳарбии ин пойгоҳ дар Кӯлоб полковник Александр Захаров гуфтааст, ки ба маълумоти фармондеҳон, Терентев гум нашуда ва ӯро дар Душанбе дидаанд, аммо маҳалли будубошаш номаълум аст ва худи ӯ низ дар бораи хеш хабар намедиҳад. Биноан, афзуд Захаров пойгоҳ барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши Александр Терентев ҷоизаи пулӣ дар назар гирифтааст.Захаров гуфт,ки Терентев як моҳ ба ин сӯ барои идомаи хидмат ба пойгоҳ барнагаштааст. "Аз ин рӯ мо маҷбур шудем эълон пахш кунем, " -- гуфт ӯ, вале аз ифшои ҳаҷми ҷоизаи пулӣ худдорӣ намуд. Ба гуфтаи Александр Захаров, Терентеви 25-сола аз вилояти Кургани Русия ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудааст ва одамоне, ки ӯро мешиносанду дидаанд, хабар додаанд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбест уовини фармондеҳои қисми ҳарбии ин пойгоҳ дар Кӯлоб полковник Александр Захаров гуфтааст, ки ба маълумоти фармондеҳон, Терентев гум нашуда ва ӯро дар Душанбе дидаанд, аммо маҳалли будубошаш номаълум аст ва худи ӯ низ дар бораи хеш хабар намедиҳад. Биноан, афзуд Захаров пойгоҳ барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши Александр Терентев ҷоизаи пулӣ дар назар гирифтааст.Захаров гуфт,ки Терентев як моҳ ба ин сӯ барои идомаи хидмат ба пойгоҳ барнагаштааст. "Аз ин рӯ мо маҷбур шудем эълон пахш кунем, " -- гуфт ӯ, вале аз ифшои ҳаҷми ҷоизаи пулӣ худдорӣ намуд. Ба гуфтаи Александр Захаров, Терентеви 25-сола аз вилояти Кургани Русия ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудааст ва одамоне, ки ӯро мешиносанду дидаанд, хабар додаанд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбест