
Пагоҳ,25 июл нафар кӯдакону наврасоне, ки дар натиҷаи офати табиии санаи санаи 17-уми июл бехонумон монда буданд ба вилояти Суғд оварда мешаванд.
Тавре ки замни як нишасти матбуотӣ Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорова қайд намуд, ин гурӯҳи меҳмонон аз се ноҳияҳои офатдидаи Шуғнон, Ванҷ ва Рашти вилояти кӯҳистони Бадахшон оварда мешаванд. Баъди ташриф ба вилояти Суғд, дар нақша аст, ки 100-нафар кӯдакону наврасони аз ноҳияи Шуғнон омада, дар лагери “Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум, 60-нафари сокинони ноҳияи Ванҷ ва 50-нафар ҷабрдидагони офати табиии ноҳияи Рашт дар лагери “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи обхезие, ки 17-уми июл дар ноҳия ба миён омад, даҳҳо хонавода дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бесарпаноҳ мондаанд. Дар Шуғнон 72 манзил пурраву қисман ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хона қисман хароб шудааст.
Аз ин рӯ МИҲД-и вилояти Суғд иқдом гирифтааст, ки ҳамчун рамзи дастгирӣ ва башардӯстӣ кӯдакону наврасонро дар марҳилаи оғози таҳсил вобаста ба синну соли онҳо ба мактабҳо ва дигар муассисоти таълимӣ ҷалб намояд. Инчунин, хароҷоти сару либос, лавозимоти хониш ва боқимонда сарфҳои ин гурӯҳи аз офат зарардидагонро МИҲД-и вилоят ба зимма гирифтааст.
Ба гуфтаи Ғаффорова, мӯҳлати иқомати ин гурӯҳи меҳмонон то пурра ба охир расидани ободкории манзилҳои истиқоматияшон ва бо хонаю дар таъмин гардидани онҳо пешбинӣ шудааст.