Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Шамолов вазифаи нав гирифт

$
0
0

Абдулвоҳид Шамолов собиқ директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улуми Тоҷикистон муовини сармуҳаррири нашрияи Ҳизби халқӣ-демократии кишвар таъйин шудааст.

Шамолов дирӯз ба ин мақом таъйин шудааст.

Абдулвоҳид Шамолов, ки аз соли 2011 раҳбарии Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улуми Тоҷикистонро бар уҳда дошт, 20 апрели соли равон бо қарори ҳукумат аз мақомаш барканор шуд.

Ба ҷои ӯ Абдураҳмон Маҳмадов, собиқ декани Факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллӣ (ДМТ) ва собиқ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улум таъйин шудааст.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>