Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Назарзода "Гумроҳшудагон"-ро ба сокинони Чкаловск нишон дод

$
0
0

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Чкалови вилояти Суғд  санаи 23 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов мулоқоти роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо аҳолии шаҳр баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур фаъолони шаҳр ва намояндагони ҳамаи шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд. Дар оғоз ба ҳозирин филми мустанади “Гумроҳшудагон” намоиш дода шуд.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баромад намуда вазъи ҷинояикорӣ ва сабабу омилҳои рух додани онҳоро дар қаламрави вилоят муфассал таҳлил намуд. Назарзода дар идомаи суханрониаш зикр намуд, ки масъалаҳое, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро ба ташвиш овардааст ин тамоюли бегонапарастӣ ва тақлидкории занону духтарони тоҷик ба фарҳангу либоси бегона, коста гардидани маърифати ҳуқуқӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрави ҷудоихоҳ ва зиёдшавии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон мебошад.

Назарзода инчунин зикр намуд, ки роҳбарияти ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар якчанд шаҳру навоҳии вилоят гурӯҳҳои корӣ таъсис дода баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ корбариро фаъол ба роҳ мондааст.

 

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>