Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Убайдуллоев: Бештар тарғибот баред

$
0
0

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон аз аъзои палатаи болоии парлумон хост, дар масъалаи гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣбетараф набошанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки имрӯз, 21 июл дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллӣсуҳбат мекард, ба ҳолатҳои пайвастани бархе ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои ҷангҷӯи давлатҳои Сурия, Ироқ ва Яман ишора карда, гуфт, пеши роҳи ин ҷараён бояд гирифта шавад. Ӯбо таъкиди ин нукта, ки дар масъалаи мазкур набояд бетараф буд, ба аъзои маҷлис гуфт, "пешгирӣкардани раванди мазкур аз шумо низ вобастагии калон дорад".

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон афзуд, ҳоло ин ҷараёнро ягон маркази илмӣ-таҳқиқотӣба таври комил таҳқиқ накардааст: “Вале бо зиёд намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣпеши роҳи инро бояд бигирем”.

Даъвати Убайдуллоев барои пешгирӣаз ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои эктремистиву террористӣдар ҳолест, ки ба омори расмӣтеъдоди ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ ба 400 мерасад.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>