
Муовини сардори ситоди Ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд Анвар Қосимов хабар дод, ки як шаҳрванди Ҳиндустон дар «Баҳри тоҷик» ғарқ шудааст.
Номбурда гуфт, ки санаи 19-уми июли соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 17:00 аз 3 нафар шаҳрвандони Ҳундустон, ки дар соҳили «Баҳри тоҷик» оббозӣ мекардаанд, як нафарашон ғарқ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, баъди бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ, пас аз як шабонарӯз ҷасади шаҳрванди Ҳиндустон дар «Баҳри тоҷик» пайдо карда шудааст.
Аммо сухангӯи ВКД дар вилояти Суғд Акбари Шариф дар шарҳи ин хабар иброз намуд, ки аз ҳодиса хабар надорад.
Fatal error: Call to undefined method DateTime::setTimestamp() in /home/pressatj/domains/pressa.tj/public_html/sites/all/modules/nbt_currency_rates/nbt_currency_rates.module on line 27
Addthis: