Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ба селзадагони Сучон замин ҷудо карда шуд

$
0
0

Мақомоти ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба 66 сокини ҷамоати деҳоти Сӯчон, ки манзилҳояшонро пурра сел шустааст, қитъаи замин ҷудо карданд

Азиз Гиёев, раиси ноҳияи Шуғнон, дирӯз гуфтааст , ки дар маҷмӯъ дар пайи омадани сел 72 хонавода дар ноҳияи Шуғнон зиён дидаанд.

“58 манзили зист пурра ва 8 манзили зист қисман дар пайи ин обхезӣ хароб шуданд. Боз об ба 6 хонаи дигар низ даромад, аммо баъд аз паст шудани сатҳи об, ин хонаҳо аз тахриб шудан эмин монданд,” – шарҳ дод Гиёев.

Раиси ноҳияи Шуғнон гуфт, ки Қоҳир Расулзода – сарвазири Тоҷикистон ба маҳҳали ҳодиса рафта буд ва пас аз ошноӣ бо вазъ дастур додааст, ба ҳамаи онҳое, ки дар пайи сел манзилашонро аз даст додаанд, қитъаҳои нави замин ҷудо карда шавад. Ба ин тартиб, мақомоти ноҳияи Шуғнон ба онҳое, ки дар пайи сел манзилҳои зисташонро аз даст доданд, дар деҳаи поёноби Манем 10 гектар замин ҷудо кардаанд.

Баъд аз сели харобиовари 16 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Шуғнон сарвазир, вазирони корҳои дохилӣ, нақлиёт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва масъулони дастгоҳи иҷроияи президент  ба Бадахшон рафта, аз маҳалҳои селзада боздид намуданд. Дар пайи ин сел бар иловаи манзили сокинон як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дуним километр роҳи байнулмилалии Душанбе-Мурғоб, 2 километр роҳи мошингарди маҳаллӣ ва 4 километр хатти интиқоли нерӯи барқ хароб шуданд. Бино ба ҳисоби пешакӣ маблағи хисороти сел дар Шуғнон 19 миллиону 353 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 3 миллион доллар будааст. Дар ҳамин ҳол, дар Душанбе се нуқтаи қабули ёриҳо ба сокинони осебдидаи Шуғнон ташкил шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам даъват барои ҷамъоварии маблағ идома дорад.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles