
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ калонтарин корхонаҳои аз андоз қарздорро номбар кард.
Аз ҳама калонтарин қарздор Ширкати «Барқи тоҷик» -153,2 миллион , НОБ-и «Сагтӯда-1»- 33,2 миллион , ширкати «Талко»-41,6 миллион, ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» -9,8 миллион, ҶСК «Лаъл»-6,8 миллион, КМ «Тоҷиказот» -4,5 миллион ва ҶСК «Ангишт»-5,7 миллион ва КВД «Хоҷагиии манзилию коммуналӣ 17, 2 миллион сомонӣ ба ҳисоб мераванд.
Давлатзода дар бораи бинои нави Кумитаи андоз, ки сохтмони он дар маркази шаҳри Душанбе идома дорад, итиллоъ дод, он бо харҷи 125 миллион сомонӣ сохта мешавад. Маблағи пешбинишуда аз ҳисоби Кумитаи андоз ва шарикони хориҷӣ мебошад.
Addthis: