
Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи ҷангиёни тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ироқу Сурия, беш аз 420 парванда боз кардааст
.Ин парвандаҳо бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "муздурӣ"ё "зархаридӣ"ифтитоҳ шудааст.
Айни ҳол мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз шомил шудани сокинон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштирокашон дар ҷангҳои хориҷӣ тадобир андешидаанд ва аз ҷумла тавонистаанд, ки 12 нафарро аз Ироқу Сурия ба ватан баргардонанд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, Дилором Шарифзода (соҳиби ду фарзанд) ва Наргис Ортиқова тавассути шаҳрвандони Тоҷикистон -- Сулаймон Саидов ва Озод Саидӣ аввал ба Русия ва баъдан ба Туркия бурда шудаанд, то аз ин тариқ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” бипайванданд.
Ин ду ҷавонзан бо Сулаймон Саидов ва Озод Саидӣтариқи Интернет ошноӣ пайдо карда, ба ваъдаи онҳо барои никоҳ ва зиндагӣ дар Туркия "фирефта шудаанд".
Бино ба иттилои расмӣ беш аз сесад сокини аз 18 то 25-солаи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаждаҳ донишҷӯи тоҷик дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон барои ҷанг дар Ироқу Сурия рафта, то кунун хабари марги сад тани онҳо расидааст. Бархе аз ин сокинон зану фарзандони худро низ ба майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия бурдаанд.
Фаъолияти гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” ё собиқ “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом” дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ аст ва аъзои он ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, гурӯҳе аз сокинон ба доми фиреб уфтода, аз нодонӣ ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва агар бо хоҳиши худ ба ватан оянд, аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Ин ваъдаро қаблан прокурори вилояти Суғд низ дода буд. Ҷангиёни тоҷик борҳо бо пахши наворҳои видеоӣ иштирокашон дар ҷангҳои Сурияву Ироқро “ҷиҳод” номидаанд. Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки ду моҳи пеш эълон кард, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст, низ гуфт, ӯро ба ин кор рафтори маъмурони милиса бо намозгузорон ва занони ҳиҷобпӯш водор намудааст.