
Шабона дар тарабхона рақсидани як духтари 14-сола боиси ба суд кашондани модари ӯ шудааст.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ки як зани сокини Душанберо ба далели бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанди раққосааш 120 сомонӣ ҷарима бастааст. Ин яке аз нахустин мавридҳои ба далели раққосагии фарзандаш ҷарима шудани волидайн мебошад. То кунун бар асоси қонуни масъулияти падару модар асосан онҳое муҷозот мешуданд, ки аз рафтани фарзандони худ ба масҷид ва ё аз беҳудагардии онҳо пешгирӣ накардаанд.
Ин зан ба он айбдор мешавад, ки духтари ноболиғи 14-солаи вай шабҳо дар тарабхонаи "Фараҳноз” раққосагӣ мекард.
Дар гузориши суд омадааст, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ алайҳи "КО"парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кушода буд, чунки "КО ӯҳдадориҳои худро дар самти тарбияи фарзанди ноболиғаш КА Ҳалимовна, санаи таваллудаш 03.08.2001, вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"ба таври лозима иҷро накардааст"ва дар натиҷа ин хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 26-уми Душанбе аз 1 феврал то 15 апрели соли ҷорӣ дар дарсҳо иштирок накарда, шабона дар тарабхонаи "Фараҳноз"ба рақс машғул шудааст.
Суди Исмоили Сомонӣ баъд аз баррасӣ ин занро ба андозаи 3 нишондиҳанда, яъне 120 сомонӣ ҷарима баст, ки бояд ба фоидаи давлат рӯёнда шавад.