
Хабргузории «Интерфакс»ҳақиқат ва дурӯғи истеъфои Рамазон Қодировро ба риштаи таҳлил кашидааст.
Барканории Рамазон Қодиров, президенти Чеченистони Русия, зери суол қарор дорад. Дар ин кишвари қафқозӣ маъракаҳои васеи ҳимоя ва пуштибонӣ аз ӯ роҳандозӣ гардидааст.
Муҳлати раёсати Рамазон Қодиров дар вазифаи роҳбари ҷумҳурии мухтор моҳи оянда ба охир мерасад. Таҳлилгарон бар он ақида буданд, ки Қодиров дар бораи истеъфо ҳатто андеша намекунад. Номбурда, тайи даҳ сол дар Чеченистон сиёсати худкомагиро пеша кард ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аз нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвари қафқозӣ ҳамеша дар изтироб буданд.
Коршиносони рус Қодировро ҳамеша пуштибонӣ мекараданд, зеро ӯ бо мадади Кремл ин кишвари ҷангзада ва ба ақидае ифротиро ба сулҳ расонд ва ба як гӯшаи ободу осуда мубаддал кард. Аммо рӯзи 27 феврал Рамазон Қодиров зимни як мусоҳиба гуфт, ки дигар «Вақти истеъфо фаро расид. Қодиров то ба қуллаи худ расид". Ҳамчунин, раисҷумҳури Чеченистон зимни суҳбат бо телевизиони федералии НТВ изҳор дошт: «Агар аз рӯйи адолат ҳарф бизанем, то имрӯз ман аз уҳдаи иҷрои корҳо баромадаам. Аммо барои он ки исми маро алайҳи мардумам истифода накунанд, фикр мекунам, барои раҳбарии Чеченистон бояд нафари дигареро пайдо кунем."
Рамазон Қодиров дар идома таъкид кардааст, "замони раҳбарии ман гузашт ва дар тими мо теъдоди мутахассисони хуб барои ҷойгузинӣ зиёд ҳастанд."
Баъди пахши ин мусоҳиба дар Чеченистон сарусадои зиёде шуд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳолии ин кишвар таҳти раҳбарии мансабдорони ҳукуматӣ бо роҳандозии чанд маърака аз Қодиров талаб карданд, ки ӯ дар мақомаш биистад. Рӯзи баъдӣ гурӯҳи бо номи «Форуми шаҳрвандии Ҷумҳурии Чеченистон» таъсис ёфт, ки дар нахустин изҳороташ қатъан изҳор дошт, ки Рамазон Қодиров алтернатива надорад ва мавзӯи ивазшавии ӯ ҳам набояд матраҳ шавад (матни ин изҳорот дар сомонаи расмии раисиҷумҳури Чеченистон мунташир шудааст).
Дар идомаи ин барномаҳо намояндаи расмии Комиссияи ҳуқуқи башари Чеченистон Нурдӣ Нухоҷиев изҳор намуд, ки «сарпечии Қодиров аз боқӣ мондан дар мақоми президентӣ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Чеченистон аст».
Ҳамзамон, ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ ва аксҳои кӯдаконе пайдо шудааст, ки мадҳи Қодировро мекунанд. Бо садои гиряолуд дар борааш шеър мехонанд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки дар мақоми президентӣ бимонад.
Худи Рамазон Қодиров, баъди ин барномаҳо рӯзи 2 март мавқеяшро дигар кард ва дар мусоҳиба бо «Интерфакс» гуфт: «Агар президент Владимир Путин гӯяд, ки дар ин мақом боқӣ мондани ман зарур аст, ман ҳарф нахоҳам зад. Агар тасмими дигар бигирад, онро ҳам бечунучаро иҷро мекунам. Вақте ман мегӯям, ки сарбози Путин ҳастам, ин ҳарфи хушку холӣ нест, ин мавқеи ман аст».
Рамазон Қодиров, писари Аҳмад Қодиров – раисҷумҳури собиқи Чеченистон буда, шурӯъ аз соли 2004 раисии ин кишвари қафқозиро ба дӯш дорад. Ӯ борҳо дар нишастҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ аз Путин ҳимоя кардааст ва яке аз дӯстони ӯ маҳсуб меёбад.
Бозбинии ҳукми Занҷонӣ
Хабаргузории BBCдоир ба ҳукми қатли Бобак Занҷонӣ ва боздиди ҳукми ӯ матлаби зеро нашр кардааст. Мустафо Пурмуҳаммадӣ, прокурори Эрон гуфтааст, ки агар Бобак Занҷонӣ бо мақомоти Эрон ҳамкорӣ кунад, ҳукмаш бознигарӣ хоҳад шуд.
Бобак Занҷонӣ миллиардери эронӣ, ки ӯро бо ба фасод, халалдор кардани иқтисоди кишвар, тақаллуб аз ширкати миллии нафти Эрон, сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ, ихлол дар интиқоли байнибонкӣ, пулшӯӣ ва нашри хабарҳои дурӯғ гунаҳкор дониста, ӯро бо ҷазои "муфсид фил арз" (фасодкор дар замин) ба ҳукми қатл маҳкум кард.
Мустафо Пурмуҳаммадӣ рӯзи 8 март ба хабаргузории донишҷӯёни Эрон-ИСНО гуфтааст: "Ҳар замон ки мо пулро дар ҳисоби бонкиамон дидем, мегӯем, ки Бобак Занҷонӣ ҳамкорӣ кардааст".
Коршиносони эронӣ низ мегӯянд: "ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлати ин кишвар маънии баргардондани пул ба Эрон аст. Дар сурати чунин ҳамкорӣ мумкин аст, дар мавриди ҳукми қатли Занҷонӣ бозбинӣ сурат гирад.
Коршиносон баъди боздошти Занҷонӣ мегӯянд, ки ӯ дар Тоҷикистон сармояи зиёд дорад ва иншоотҳои азмиро дар ин ҷо сармоягузорӣ кардааст. Мақомоти Эрон мегӯяд, ки ки Занҷонӣ дар занҷираи дуздии пули нафти Эрон аз бонкҳои Тоҷикистон истифода кардааст ва 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро рад карда, мегӯяд ки Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ин дар ҳолест, ки як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.
"Сешанбеи бузург"ва пешсафии Клинтону Трамп
Телевизиони CNN-И Амрико.Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп, номзадҳо аз ҳизбҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ, ки барои курсиии президентӣ дар интихоботи навбатии ИМА талош мекунанд, дар интихоботи рӯзи сешанбе, ки рамзан «сешанбеи бузург» ном гирифтааст, дар аксари иёлатҳо пешсаф шудаанд.
Бино ба иттилои CNN, Доналд Трамп дар ҳафт иёлат ва Ҳиллари Клинтон низ дар ҳафт иёлат ба пирӯзӣ расидаанд.
Ҳиллари Клинтон ва Барни Сандерс - ду номзади иштироккунанда дар рақобатҳои дохилии ҳизби демократ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016 ҳастанд. Коршиносони CNN пешбинӣ карда буданд, ки Доналд Трамп эҳтимолан дар "сешанбеи бузур"дар муқоиса бо номзадҳои дигари ҳизби ҷумҳурихоҳ пирӯзиҳои бештаре ба даст биёрад. Панҷ номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар рақобатҳои дохилиҳизбӣ ширкат доранд.
Дар интихоботҳои президентии Амрико номзадҳои мустақил низ ҳаққи ширкат доранд, вале дар баробари номзадҳои ду ҳизби тавонои демократ ва ҷумҳурихоҳ шонси зиёд надоранд. Дар интихоботи имсола низ шаҳрдори собиқи Ню-Йорк миллиардер Майкл Блумберг низ азми ширкат кардааст.
Маълумотнома
Симонетта Соммаруга
Симонетта Соммаруга сиёсатмадори сотсеал-демократи Швейтсария, аъзои Шӯрои федеролӣ ва аз 1 ноябри соли 2010 сардори Раёсати адлия ва полиси Швейтсария ба шумор меравад. Аз 1 январи соли 2015 президенти ин кишвар мебошад.
Соммаруга бо ду бародар ва хоҳараш дар Синсе Аргау ба дунё омадааст. Пас аз анҷоми хатми мактаби миёна дар Имменз, ӯ курси таълимии пианистиро дар Люсерн, Калифорния ва Рим гузаштааст. Соли 1988 то соли 1991 забони англисӣ ва филологияро дар донишгоҳи Фрибур омӯхтааст. Нуқтаи ибтидоӣ дар ҷодаи сиёсат кор ба сифати директори Фонди Швейтсария оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (Stiftung für Konsumentenschutz) аз соли 1993 то 1999 гардид. Дар ҳоли ҳозир ӯ президенти Фонди ҳифзи истеъмолкунандагон (Swissaid) ба шумор меравад.
Фаъолияти сиёсии Соммаруга аз намояндагии сотсиал-демократҳо дар шӯрои бузурги Берна аз соли 1981 то 1990 оғоз гардид. Аз соли 1998 то соли 2005 ӯ роҳбарии раёсати оташ ва мудофиаи гражданиро дар Шӯрои шаҳрдорӣ Кёнитса бар душ дошт. Аз соли 1999 то 2003 ӯ аъзои Шӯрои миллӣ ва аз соли 2003 то 2010 узви Шӯрои иёлотҳо буд. Соммаруга 22 сентябри соли 2010 ба Шӯрои федеролӣ ҷойгузини Моритса Лойенбергер интихоб шуд. Дар охири соли 2013 ноиби президент ва аз 1 январи соли 2015 президенти Швейтсария интихоб гардид. Симонетта Соммаруга бо нависандаи машҳур Лукас Хартман оиладор шудааст. Ӯ хешованди дури собиқ президент Корнелио Соммаруги мебошад.