
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз қочоқи метали сиёҳ ба Афғонистон ҷилавгирӣ кардааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод гузори медиҳад, ки соҳибкори инфиродӣ Олимхуҷаев Бахтиёр Ҳасанович бо мақсади интиқоли ғайриқонунии металҳои сиёҳ се камазро ба минтақаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мебарад, ки ин ҳолат аз ҷониби кормандони ниҳоди мазкур ошкор мегардад: "Соҳибкори инфиродӣ шаҳрванд Олимхуҷаев Бахтиёр Ҳасанович соли таваллудаш 1974 сокини шаҳри Душанбе бо мақсади интиқоли металҳои сиёҳ, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.03.2003 с №РП-994 содироти он манъ карда шудааст, ғайриқонунӣ мехост онро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол диҳад".
Ин ниҳод дар идомаи иттилоияи худ менависад: "Соҳибкор Олимхуҷаев шахсан худаш тавассути се адад автомашинаҳои боркаши рақами қайди давлатиашон ТҶ 35-28 АК01, ТҶ 17-24 АН 01 тамғаҳои «Хова» ва рақами қайди давлатиаш ТҶ 69-13 АР 01 тамғаи «Шакман» аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба миқдори 265445 кг ба маблағи 291 989,5 сомонӣ пораҳои металҳои сиёҳро бор карда, рӯзи 21.01.2016 сол бе ягон ҳуҷҷатҳои лозима барои бо роҳи қочоқ ва ғайриқонуни содирот намудани он ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воситаҳои нақлиёти зикршударо роҳбаладӣ карда, ба наздикии гузаргоҳи сарҳадӣ, яъне минтақаи назорати гумрукии Панҷи Поён бурда мерасонад".