Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҷон гирифтани фаъолияти гуруҳи "Давлати исломӣ"дар Кундуз

$
0
0

Гуруҳи "Давлати исломӣ"фаъолияти худ дар Қундузи Афғонистонро тақвият бахшидааст.

Генерал Муҳаммад Қасим Ҷангалбоғ, фармондеҳи ниҳоди амниятии вилояти Кундуз гуфт, ки бар асоси гузоришҳои кашфӣ ва истихборотӣ дар ҳафтаи гузашта ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"фаъолияти худро дар вулусволӣ ё ноҳияи Чаҳордари ин вилоят оғоз кардаанд.

Ба қавли Ҷангалбоғ, теъдоди ин ҷангиён беш аз 120 нафар будааст. Ӯ гуфт, "бино ба гузоришҳое, ки ба мо расидааст, дар ҳафтаи гузашта гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"дар ноҳияи Чаҳордара амалиёти худро дар миёни гурӯҳи Толибони мусаллаҳ оғоз намуда ва теъдодашон болотар аз 120 нафар мерасад."

Аз сӯи дигар, Амриддин Валӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз низ мегӯяд, ки дар ин авохир дар ноҳияҳои Чаҳордараю Дашти Арчӣ ва бархе аз манотиқи наздики шаҳри Кундуз гурӯҳи ДИИШ фаъолияти худро оғоз намудааст. Афзун бар ин, ҷангҷӯёни хориҷии марбут ба Ҷундуллоҳ низ парчами сафеди худро ба сиёҳ мубаддал кардаанд.

Вай афзуд, бояд ҳарчӣ зудтар ҳукумати маҳалии Кундуз дар баробари гурӯҳи террористӣ даст ба кор шаванд ва ҷилави фаъолияти онҳоро дар минтақа бигиранд, то дар миёни мардум нуфуз пайдо накунанд.

Ӯ мегӯяд: "Маълумоту гузоришоте, ки ба мо расидааст, аъзои ин гурӯҳи террористӣ парчами сиёҳро бо худ доранд ва сару рӯяшон бо рӯймол баста аст".

Ҷаноби Валӣ гуфт, агар давлати марказӣ, бахусус, ҳукумати маҳаллӣ аз фаъолияти ДИИШ ҷилавгирӣ накунанд, ин гурӯҳ дар тобистон шаҳри Кундуз ба душворҳи ҷиддии амниятӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Сокинони вилояти Кундуз аз масъулони давлати марказӣ ва ҳукумати маҳаллӣ хостаанд, то аз густариши домани ин гурӯҳи террористӣ дар минтақа пешгирӣ кунанд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>