
Мақомоти интизомии Тоҷикистон як гуруҳи 5--нафараро ба гумони даст задан ба ҷинояти мошиндуздӣ боздошт кардаанд.
Вазорати умури дохилиии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар муддати як ҳафтаи ахир шаҳрвандон аз гум шудани мошинҳои худ ба ин ниҳод шикоят кардаанд. Дар пайи шикояти шаҳрвандон мақомоти умури дохила зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 5 нафарро боздошт кардаанд, ки ин гуруҳи ба гуфтаи мақомот ҷинояткор ба рабудани мошинҳо даст задаанд.
Ин гуруҳи 5 нафара тули солҳои 2015 ва 2016 мошинҳои якчанд сокинони шаҳри Душанбе ва гирдуатрофи онро рабуда, бо ин роҳ пул кор кардаанд.
Мақомоти нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ бознамудаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Addthis: