Луқмаи ҳаром - заҳри бадан
Ришвахӯрию ришваситонӣ ҳанӯз дар замони шӯравӣ авҷ гирифта буд. Муаллими ӯзбектабореро мешинохтам , ки пеш аз имтиҳони дохилшавии донишҷӯён як сумка пур аз ҳуҷҷатҳои дохилшавии онҳоро бардошта мегашт. Боре рафиқам Холмаҳмад аз вай пурсид, ки ин қадар ҳуҷҷатро барои чӣ бо худ мегирию соҳибонашро саргардон мекунӣ? Дар посух Раҳмонқул гуфт, ки аз ин 76 ҳуҷҷате, ки бо худ гирифтаам, ҳамагӣ 20 нафарашон бо дониши худ дохил мешаванд, боқимондаашро мегӯям , ки коратон барор нагирифту соли оянда биёед.
-Ҳамин фоидае, ки аз 20 нафар ба ман мемонад, маро то сер мекунад, то даме ки ҳамин мардуми содалавҳ дар рӯи замин пойдоранд ва арақи ҷабин резондаву каланд мезананд, гӯри мо месӯзаду дегамон меҷӯшад- ба таври худ шӯхӣ мекард ӯ.
Рӯзу соаташ фаро расиду Раҳмонқул ба дасти мақомоти танобкаш афтода , ба муҳлати тӯлонӣ ҳабс шуд. Баъди суҳони маҳбасро хӯрдан дигар ҳар бор ӯро бо сумкаи холӣ мебинам . Рӯзе нигоҳи маънидоронаи маро пайхас карда, гуфт : “Медонам чаро ба сумкаам дуру дароз нигоҳ мекунӣ, ман аз он роҳи бад кайҳо баргаштаам. Бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзии фарзандону набераҳоямро меёбам . Молу чизи ҳаром рӯзе заҳри бадани кас мегаштааст ,- хулоса кард Раҳмонқул.
Вале оё ин мардумфиребӣ ва воситабозӣ барои дохил шудан ба макотиби олӣ магар имрӯз аз байн рафтааст? Оё бо ташкил ёфтани Маркази миллии тестӣ дигар ҳама гуна ришвахорӣ дар ин ҷода аз байн рафт? Не, ин раванд дар замони нав тобиши тоза пайдо карду либоси нав ба бар намудааст...
14 ҳазор доллари довталаб куҷо шуд?
Ҳар сол баробари оѓози имтиҳонҳои қабули довтлабон назди донишгоҳу донишкадаҳо мардону занони синну соли гуногунро мебинем, ки дар саҳни он биноҳо ҷамъ омадаанд. Аз ин қаллобону фиребгарон ба хубӣ истифода мебаранд. Бархе аз онҳо ба чанги мақомот афтодаву ҷазо ҳам мегиранд, вале нафароне ҳам ҳастанд, ки аз об хушк мебароянд. Ҳафтае пеш суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Гулпарӣ Ҳалимоваи 45-сола (номҳо шартӣ гузошта шудаанд), сокини шаҳри Душанбе дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247, қисми 4, банди б КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд. Гулпарӣ моҳи июли соли 2015 бо маслиҳати пешакӣ бо Ислом ном шахс бо тахаллуси «Полковник» ба боварии ҷабрдида Фаррух Сабуров даромада, аз ӯ бо баҳонаи он ки шиносаш Н.-ро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил менамоянд, маблағи 14.000 доллари ИМА-ро дар муддатҳои гуногун гирифта, қисми ин маблағро, яъне 7000 доллари ИМА-ро ба бонк бар ивази маблағҳои қарзиаш пардохт намуда, қисми боқимондаашро ба шиносаш “Полковник” додааст.
Н. ба ҳайси шоҳид дар мурофиаи судӣ нишон дод, ки падараш ӯро ба назди Бобоҷонов фиристода, гуфтааст, ки тағоят барои дохил шудан ба донишгоҳ кумак мерасонад. Тағояш ӯро бо рафиқаш Фаррух Сабуров шинос кардааст. ӯ ба онҳо рақами телефони мобилии судшаванда Г. Ҳалимоваро дода, гуфтааст, ки ба ӯ занг зада, вохӯранд ва ӯ довталабро бо муаллим шинос менамояд. Довталаб Н. бо Гулпарӣ дар назди бинои Сирки шаҳри Душанбе вохӯрда, якҷоя ба маҳаллаи 82 мераванд. Дар он ҷо Гулпарӣ ӯро бо як марди ношинос, ки худро «Полковник» муарифӣ кардааст, шинос намудааст. Рӯзи дигар довталаб Н. бо «Полковник» дар маҳаллаи 82 вохӯрда, ба хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рафтаанд. Дар он ҷо «Полковник» гӯё як муаллимаи шиносашро кофта наёфтааст ва пас аз он ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рафта, бо як муаллима вохӯрда, гуфтааст, ки ин муаллима то супоридани тест ба ӯ дарс медиҳад. Довталаб тахминан як ҳафта дар назди ин муаллима дарси иловагӣ гирифтааст. Пас як ҳафта ӯ дар Маркази тестӣ аз санҷиш гузашт, вале аз рӯи баллҳои гирифтааш ба ДДТТ дохил нашуд. Ин ҳам бошад аз «бахти сиёҳ»-и миёнаравҳо. Агар довталаб тасодуфан дохил мешуд, кор шояд ба муноқиша анҷом намеёфт. Наздикони довталаб маблаѓи додаашонро талаб карданд. Гулпарӣ мардона ваъда дод, ки онро бармегардонад. Сабр кунанд, онҳо як бало карда, ӯро ба ДДТТ дохил мекунанд. Онҳо сабр ҳам карданд. Пас аз он ки дохил нагардидани довталаб аниқ шуд, ӯ бо ҳамроҳии падараш ба хонаи он зан рафта, аз ӯ баргардонидани маблағҳои гирифтаашро талаб намудаанд. Гулпарӣ не нагуфта, ваъда дод, ки маблағи 14.000 доллари ИМА-ро дар рӯзҳои наздик ба онҳо бармегардонад.
Суд муайян намуд, ки зарари расонидашуда ба ҷабрдида аз ҷониби судшаванда барқарор нашудааст.
Гулпарӣ Ҳалимова аз озодӣ ба муҳлати 8 сол маҳрум шуд. Ин аст оқибати беандешагию гӯш додан ба суханҳои «Полковник»-и номаълум. Ҳоло ӯ дар куҷое ин пулро “ҳалол” карда гаштааст.
Рекорди қаллобон
Ҳангоме ки мо ин маводро ба нашр омода мекардем, аз ВКД хабар расид,ки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, иброз дошт, ки моҳи августи соли 2015, марди 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15000 доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ, марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки соли 2012 шаҳрвандон: мардони 42-сола ва 46-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидаанд.Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.Мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ. Сари ҳар қадам кас дар санги фиреби қаллобе пешпо хӯрдан мумкин. Хуб мешуд, ки ин ҷабрдидаҳо пул додаву дарди сар намехариданд ва худу дигаронро низ саргардон намекарданд.Имтиҳонҳои дохилшавӣ наздиканд, ку бубинем боз кӣ ба доми кӣ меафтад.
Иззатбеки Идизод,
«Тоҷикистон»