Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон гуфт: Мавозеи Ишқобод ва Душанбе дар бисёре масоил мутобиқат дорад.
Ба иттилои Ка-Ниюз, Чарӣ Атаев, сафири Туркманистон дар Тоҷикистон гуфт, "дар ҳоли ҳозир мо равобити суннатии хубе дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва инсонӣ дорем".
Ба гуфтаи вай, дар ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе, аввалин анҷумани касбу кор бо ҳадафи таҳкими равобити тиҷории иқтисодӣ миёни ду кишвар баргузор шуд.
Атаев таъкид кард, тамоми талошашро барои тақвият ва таҳкими равобити дӯстона ва бародарона миёни Тоҷикистон ва Туркманистон ба кор хоҳад гирифт.
Атаев, ки ду ҳафта пеш мансуб шудааст, ҳафтаи гузашта эътимодномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таслим кард.
Addthis: