
Фарзанди нахуствазири пешини Покистон ба қайди толибони узбакистонӣ афтодааст.
Самеъ-ул-Ҳақ, раҳбари Ҳизби ҷамъияти уламои ислом дар Лоҳуи Покистон дар ин хусус ба расонаҳо иттилоъ додааст. Оқои Самеъ гуфтаст, Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири пешини Покистон бо ӯ тамос гирифта ва хоста то дар пайдок кардани фарзандаш ба нахуствазири пешин кӯмак кунад. Ин дархости кӯмак аз ҷониби оқои Самеъ пазируфта шудааст.
Сомонаи "Тасним"аз қавли манобеи худ дар Покистон дар ин хусус гузориш додааст.
Алӣ Ҳайдар Гелонӣ, писари нахуствазири Покистон дар соли 2014 аз ҷониби ашхоси номаълум рабуда шуда буд ва маълум набуд, ки ӯ дар дасти кадом гуруҳҳои ифротгаро қарор дорад. Ин бори аввал аст, ки дар хусуси дар куҷо будани ӯ аз ҷониби расонаҳо хабар интишор мешавад.
Хабари рабудани шудани писари нахуствазири Покистон ба дасти толибони узбакистонӣ дар ҳолест, ки Ҷамъияти исломии Узбакистон баъди фавти раҳбари толибон Муҳаммад Умар ба гуруҳи "Давлати исломӣ"байъат карда буд.