
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи неруҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, ин кишвар ба дунболи шиъа кардани суниҳо дар минтақа нест ва "ҷони худро сипари суниҳо кардааст".
Вай зимни суханронӣ дар Кирмоншаҳри Эрон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, Эрон дар минтақа моҷароҷӯӣ намекунад. Ба гуфти ӯ, душмани Эрон ба маҳзи ин ки усули огоҳибахшии Эрон ба усули онҳо ҳамхонӣ надорад, Ҷумҳурии исломиро ба моҷароҷӯӣ муттаҳам мекунанд.
Ин фармондеҳи эронӣ гуфтааст, "ниёз аст, ки дар ҷаласот ва пич-пичҳои сиёсӣ ба гуна рафтор шавад, ки бархе тасаввур накунанд Эрон ба дунболи моҷароҷӯӣ аст".
Изҳори назари фармондеҳи Эрон дар робитба ба баҳси шиъа ва сунӣ дар замоне матраҳ мешавад, ки бархе кишварҳои суннимазҳаб, аз ҷумла Туркия, Арабистон, Қатор ва..ин кишварро ба ташвиқи шиъа ва саркуби сунниҳо дар минтақа маттаҳам мекунанд.