
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар миёни макотиби олӣ сазовори ҷои аввал дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳо гашт. Ин донишгоҳ аз рӯи шаш ихтисос, таърих, ҳуқуқ,, забони тоҷикӣ, фалсафа, физика, математика ба ҷои аввалро гирифт.
Имрӯз, 11 март, озмуни Ҷоми Академияи илҳмо миёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудани Ҷоми Академияи илҳо ҷамъбаст гардид.
Олимпиада аз рӯи 12 самти илмӣ, аз ҷумла математика, физика, химия, астрономия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ баргузор гардида дар он беш аз 300 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ҳадаф аз баргузории Олимпиада барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм, аз ҷумла ба шуъбаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
Қобили тазакур аст, ки Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли сеюм доир карда мешавад.