
Ҳамсари Гулмурод Ҳалимов Ҳумайро Мирова, сухангӯи раиси гумруки Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, ҳамсари дуюми Гулмурод Ҳалимов мебошад, бо чаҳор кӯдакаш ба Сурия рафтааст.
Мақомоти ВКД ҳам хабари пайвастани зани дуюм ва чаҳор кӯдаки Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ мекунанд.
Ҳасари дуюм ин полконики фирорӣ Ҳумайро Мирова қаблан дар Хадамоти матбуотии ВКД ва ба ҳайси сухангӯи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳам фаъолият кардааст. Ӯ дар хадамоти гумрук то чанде пеш фаъолият мекардааст, аммо ба сабаби таваллуди кӯдак аз рухсатӣ озод шудааст.
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини "ОМОН"-и ВКД дар охирҳои фасли баҳори соли гузашта аз Тоҷикистон ғайб зад. Баъди чанде бо интишори навори видеои аз пайвастан ба гуруҳи "Давлати исломӣ"хабар дод. Мақомот бар алайҳи ӯ парвандаи ҷинооӣ боз намуда, ӯро бао асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ хиёнат ба давлат, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ муттаҳам карданд.
Дар охирҳои соли 2015 хабари захмӣ ва ба гуруҳи "Давлати исломӣ"нодакоршудани ӯ дар расонаҳо пахш шуд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ хабари захмӣ шудани ӯро тасдиқ кард.