Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Додгоҳи Туркия ҳукми қотили Умаралӣ Қуватовро эълон мекунад

$
0
0

Ба навиштаи бархе расонаҳои Туркӣ қарор аст, имрӯз 25 феврал ҳукми гумонбар ба қатли Умаралӣ Қуватов қотил Сулаймон Қаюмов эълон шавад.

 

Қарор аст, рӯзи 26 феврал додгоҳи 19-уми ҷиноии шаҳри Истамбул ҳукми Сулаймон Қаюмов - гумонбари асосӣ дар қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини “Гурӯҳи 24”-ро эълон бикунад. Манобеи огоҳ мегӯянд, ки ин қарорро додгоҳ рӯзи 16 феврал, баъди бозпурсии ду шоҳиди асосии қатли Қувватов, аз ҷумла Сӯҳроб Тӯраев, муҳофизи раҳбари пешини “Гурӯҳи 24” гирифта, дубора дар ин замина тағйироте ворид накардааст. Дар ин мурофиаи даҳ рӯзи пеш Сӯҳроб Тӯраев Сулаймон Қаюмовро мӯҳраи асосӣ дар таҳияи сӯиқасд ба ҷони Умаралӣ Қувватов номидааст.

Умаралӣ Қувватов шаби 5 марти соли 2015 баъд аз тарки манзили иҷораи Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва бо зарби як тири туфангча кушта шуд. Қувватов ҳамроҳ бо зану ду писараш он шаб барои як зиёфати шом ба манзили Қаюмов даъват шуда буд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles