Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

"Гӯшаҳои деҳқон"ҳавасманд ба коҳиши  нархҳо нестанд.Чаро?

$
0
0

Фаъолияти Агентии захираҳои моддии давлатии назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ,  Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши  маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  дар коҳиш додани нархҳои бозор метавонанд саҳми бориз гузоранд, ба шарте ки ҳамаи уҳдадориҳои оинномавиашонро дар назди Ҳукумату мардум ба сомон расонда тавонанд. 

Иттифоқи «Тоҷикматлубот», ки аз сохторҳои куҳантарини кишвар ба шумор меравад, бо сабабҳои гуногун мавқеашро дар коҳиши нархҳо аз даст медиҳад. Имрӯз ин ташкилот аксари мағозаҳояшро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз даст дода, бештар ба сохтмони чойхонаю сохторҳои маҳаллии худ саргарм аст.

Шаҳрдории Душанбе ба ин масъалаи доғи рӯз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, талаботи бозори муосир ва мардумро омӯхта, соли 2011 ба сохтори Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои Душанбе» тағйирот ворид намуд. Ва дере нагузашта, дар заминаи он Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши  маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд, ки аҳолии пойтахт самараи фаъолияти онро дар арафаи  идҳои Рамазону қурбон ва ҷашнҳои давлатӣ зимни баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот эҳсос мекунад. Аммо дӯконҳои корхонаи мазкур, ки дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт бо номи «Гӯшаи деҳқон» ба хизматрасонӣ шуруъ намуданд, дар коҳиши нархҳои бозор саҳми назаррас надоранд. Зеро нархҳои  маҳсулоти ниёзи аввалия – картошка,  сабзӣ, пиёз, равған, биринҷ, маҳсулоти макаронӣ дар бештари дӯконҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши  маҳсулоти ниёзи аввалия» аз бозорҳои коммуналии шаҳрдорӣ тафовут надорад. Бахусус, дар дӯконҳое, ки дар ноҳияи Сино байни хонаҳои истиқоматӣ фаъолият доранд. Нархи маҳсулоти номбаршуда чи дар бозори маҳаллаи 33-юм ва чи дар дӯконҳои корхона як хел мебошад: 1 кг картошка то 2,5 сомонӣ, сабзӣ то 1,0 сомонӣ, равғанҳои растанӣ аз 13 то 16 сомонӣ, шакар 6,5 -7 сомонӣ…

Дар бозори «Шоҳмансур» ҳар се ташкилоти номбурда чандин дӯкону рафҳоро ишғол намудаанд. Истеъмолкунандагон аз нархҳои муқаррарардаи  Агентии захираҳои моддии давлатии назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ барои 1 халта орди ватанӣ 150-155 сомонӣ, 1 кило шакар 6 сомонӣ, маҳсулоти макаронӣ 4 сомонӣ, биринҷи Тайланд 5 сомонӣ, марҷумак 6,5, горох 4,5 сомонӣ, гӯшт 30-32 сомонӣ қаноатманд буда, бо майли том харид мекунанд. Вале нархҳои    Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши  маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалияи дигар фурӯшандагони бозори «Шоҳмансур» якранг аст. Дар дӯконҳои онҳо 1 кило сабзӣ 60 дирам, картошкаи сафед 1,6 сомонӣ, картошкаи сурх 2 сомонӣ,  пиёз 1,8-2,0 сомонӣ, биринҷ аз 8 то 12 сомонӣ, макарон – 5-6 сомонӣ, равғани офтобпараст 13-14 сомонӣ, равғани пахта 9 сомонӣ, лӯбиё 8 сомонӣ бе тафовут аз нарххои худи бозор ба фурӯш монда шудаанд. Масъулини КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши  маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» бо кадом забон иддаои коҳиши нарх мекунанд, бароямон нофаҳмост. Ду рӯз борҳо аз тариқи телефон хостам бо директори Корхонаи воҳиди давлатии мазкур Баротов Р. дар тамос шуда, ба саволҳои мардум ҷавоб шунавам. Касе гӯширо намебардорад. Ростӣ, бори охирин ҷавоне посух дод, ки «раис ҳозир аз пайи иҷрои супоришҳои шаҳрдорӣ рафтааст. Ҳамин ки омад, хоҳиши шуморо мерасонам».

Маълум мешавад, ки роҳбарони сохторҳои номбурда фаъолияти дӯконҳои худро дар бозорҳою маҳаллаҳо доим назорат намебаранд. Кормандони дӯконҳо вазифаҳои худро вобаста ба коҳиши нархҳо ё намедонанд, ё ба нафъи худ тағйир медиҳанд. Аксари онҳо ҷавонону бонувоне мебошанд, ки аз кӯчаи тиҷорати бозорӣ нагузаштаанд. Бинобар ин, нархҳоро тавре хоҳанд, ҳамон қадар мегузоранд. Дар сурате ки шаҳрдорӣ ҳар сол аз ҳисоби худ ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши  маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз ҳисоби буҷети худ қарзҳои бефоиз барои хариди маҳсулот аз дасти аввал ҷудо мекунад, корхона чаро вазифаи ҷониашро уҳда карда наметавонад?

Эмом  НАЗАРОВ,

«Тоҷикистон»

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>