Ҳатаномаи "Тоҷикистон"озмуни "10-гонаи беҳтарин рейтинги макотиби олии Тоҷикистон дар соли 2016"- ро эълон кард.
Озмуни мазкур бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мегардад ва аз тариқи пурсиш рейтинги макотиби олиро муайян месозад. Озмун аз рӯйи 10 нишондод(дар ҷадвал зикр ёфтааст) сатҳ ва нақши макотиби олиро дар таълим, илм, амалия, густариши робитаҳо ва ғайра муайян месозад.
Ин озмун аз ҳоло оғоз шуда, то охири моҳи август, яъне дар арафаи 25-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад.
Дар озмун 26 донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки номи ҳамаи онҳои дар рӯйхта оварда шудааст, иштирок менамоянд.
Натиҷаи озмун ҳар ҳафта дар сомонаи "Pressa.tj"ва моҳе як маротиба дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон"ва "АиФ"нашр мешавад.
Addthis: