Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҷоҳталошӣ: писари « Эмом хубак» “Зафар-бедняк”-ро кушт?

$
0
0

Корд дар китф

Ҳамагӣ ӯ чанд рӯз пеш зинда буд. Фақат як муноқиша ё «разбор» бо хуфтагони ҳазорсола  ин соҳибкори муваффақро баробар кард. Шодравон Зафархон Азимовро, ки бо лақаби “Зафар-бедняк”маъруф буд 18 феврали соли равон фарзанди   "Эмом хубак"Эмом Мақсудов, соҳибкори шинохтаи тоҷик бо зарби як корд аз ҳаёт абадан маҳрум сохт. То ҷое мо огаҳӣ ёфтем, ин ҳодиса, ки бо куштор анҷом ёфт, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар назди "Наврӯзгоҳи пойтахт"рух додааст ва ҷасади Зафархон Азимов соатҳои тақрибан ҳаштуними шаби 18-уми феврал ба бемористони Қарияи Боло оварда шудааст. Чунин сару садое ҳам ҳаст, ки гӯё Зафархон баъди ба китфаш корд задани Обид Мақсудов корд дар китф ба мошин нишаста то беморхонаи Қарияи Боло зинда расидааст, вале масъулини шуъбаи қабули ин беморхона мегӯянд, ӯ дар ҳоле ба ин бемористон оварда шуд, ки аллакай аз захми корд ҷон дода буд.

Як рӯз баъди ҳодиса Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қатли тоҷир Зафархон Азимов маъруф бо лақаби “Зафар-бедняк”-ро дар пайи як муноқиша дар назди “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе тасдиқ карда, хабар дода буд,ки Зафархон Азимов, сокини 38-солаи кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе, 18 феврали соли равон дар назди "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе бо Обид Мақсудов, сокини 32-солаи кӯчаи Борбад баҳс кардаанд: "Дар натиҷа Мақсудов бо корди дар дасташ буда, ба қисмати дили Азимов зарба зада, ӯро маҷруҳ мекунад. Азимов баъди расонидан ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе ба ҳалокат мерасад".

Баъдтар хабаре паҳн шуд ,ки  Эмом Мақсудов писараш-Обид Мақсудовро, ки барои қатли соҳибкор Зафархон Азимов, дар ҷустуҷӯ қарор дошт, ба мақомоти милитсия супоридааст. Тибқи иттилои ба мо расида, айни замон Обид Мақсудов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти парванда нисбаташ аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ҷисми беҷони Зафархон Азимов бошад рӯзи 19 феврал дар ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ ба хок супурда шуд. Онҳое, ки ӯро мешинохтанд, мегӯянд, ки аз соҳибкорони муваффақи Душанбе маҳсуб меёфт.

 

 Куштор аз куҷо сарчашма гирифт ?

Пӯшида нест, ки аксари кашмакашҳое, ки миёни тоҷирон ба по мехезад, тарафе ҷониби дигарро «кидат» мекунад ё дар тақсимоти маблаѓ нобаробарию нофаҳмиҳо сар мезанад. Бадбахтӣ дар он аст, ки  ба ҷои ин мушкилӣ гиреҳхӯрдаро ба роҳи маслиҳат ё аз тариқи судҳо ҳал кардан ба сари ҳамдигар корд мекашанд, яке дигареро куштаву  авлодони худро дар ѓам гузоштаю хонаводеро мотамсаро, фарзадони ноболиѓро ятим мекунанд. Зафархон ба тиҷорати мошину масолеҳи сохтмонӣ низ машғул будааст.  55 ҳазор доллари таваққуфгоҳи мошинҳо боис ба муноқиша миёни наздикони Эмом Мақсудов ва Зафар Азимов шудааст: "Ҳардуи инҳо дар як гӯшаи шаҳр таваққуфгоҳи мошинҳои умумӣ доштаанд". Мақомоти корҳои дохила дар робита ба омилҳои сар задани муноқиша байни ин ду нафар иттилое надодааст. Аммо тахминҳое ҳаст, ки эҳтимол ҷанҷол байни соҳибкор ва писари Обид Мақсудов,  ба маблаѓ вобаста бошад бошад. Бино ба иттилои ба мо рсида Зафархон Азимов 4-5 бародар доштааст ва дар "Корвон" -- бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон соҳиби фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои молу маҳсулот будаанд. Вай ҳамчунин ба Эмом Мақсудов риштаи хешу таборӣ доштааст ва ба гуфтаи яке аз соҳибкорон, ҷанҷоли онҳо бар сари муомилоти пулӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи афроди огоҳ, Зафархон Азимов ба тиҷорати мошин ҳам машғул будааст, аммо даромади аслиро аз ҳисоби додани қарзҳои калон бо фоиз ба даст меовардааст ва сару садоҳое ҳаст, ки моҷаро байни онҳо ҳам вобаста ба ҳамин фоизи маблағҳои калон будааст. Аксари муноқишаҳое ,ки ба куштор анҷом меёбанд, сабабгораш ҳамин молу чизу маблаѓ аст. Бузургони мо гуфтаанд ,ки моли дунё ба касе насиб накардаву ва касе ба гӯр сарвати худро набурдааст. Дар навбати худ ҷони одамӣ аз ҳамаи инҳо болост ва ба қадри он на ҳар кас расида метавонад. Мутаассифона, нафароне низ ҳастанд, ки чунин ҳодисаҳои ба тақдири ду кас вобастабударо  насанҷидаю надониста тобиши сиёсӣ доданӣ мешаванд.

-Ана акнун сар мешавад разборҳои криминалӣ дар Тоҷикистон. Бозгашт ба солҳои 93-97, ки гурӯҳҳои ҷиноӣ бо якдигар кушокушӣ мекарданд. Сабаби кризиси молӣ бисёр ҳодисаҳоро ба сар меорад. Мақомот мисли ҳарвақта баъди ҳодиса таҳқиқ мекунад. Мақомот ҳоли ҳозир ба ришдорону намозгузорон сару кор дорад. Аз хориҷа ба Тоҷикистон дар як моҳи ахир 50 млн доллар кумак барои мубориза бар ифротгаро ҷудо шудаст,- навиштааст нафаре дар сайти Интернет. Соҳиби ин навиштаҷот чӣ ҳадаф дорад, мо сарфаҳм нарафтем ва чунин рақамҳоро аз куҷо дастрас карда бошад, бароямон муаммоанггез аст. Чун  парвандаи куштори Зафархон дар прокуратураи шаҳри Душанбе мавриди тафтиш қарор дорад, дар ин маврид ҳанӯз хулосае баровардан барвақт аст. Онҳо мӯйро аз хамир ҷудо карда, гунаҳгори асосиро муайян хоҳанд кард, вале сад дареѓи умри ҷавонмарде чун Зафархон, ки мисли пудинаҳо ин баҳору баҳорҳои дигар аз хок намерӯяд.

Иззатбеки Идизод,

 «Тоҷикистон»

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Latest Images

Trending Articles



Latest Images

<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>