
Ду афсари пулис аз ҷониби ниҳоди зиддифасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шуд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ду нафар афсари пулис- Шодӣ Каримов, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии Шӯробод ва Зокир Назаров, лейтененти милисаи ноҳияи Ҳамадониро ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт карда, парвандаи якеро ба додгоҳ ирсол кардааст. Дар шарҳи боздошти ин ду корманди мақомоти пулис зикр шудааст, ки ин ду нафар ҳангоми гирифтани ришва аз ҷониби кормандони аҷонсӣ боздошт шудаанд.
Addthis: