
Пулис дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Сӯғд марди 50-соларо ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт кардааст.
Бар асоси иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин мард бо зани 37-сола алоқаи ҷинсӣ намуда, бо роҳи таҳдид гуфтааст, ки муносибатҳои маҳрамонаро дар интернет паҳн мекунад. Бо ин роҳи фишор аз ин зани 37-сола аввал 300 сомонӣ ва баъдан 1000 сомонӣ маблағ ситонидааст.
Дар хабарномаи ин вазорат омадааст, ки "Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров барои тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи сентябри соли 2015 бо зани 37-солаи сокини ҳамин ноҳия муносибатҳои маҳрамона намудааст. Сипас, бо таҳдиди он, ки ин муносибатҳоро тавассути интернет дар назди ҳама ошкор мекунад, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз зани номбурда маблағи 300-сомонӣ гирифтааст. Баъди чанде, ӯ ин кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, моҳи январи соли 2016 боз бо роҳи тамаъҷӯӣ маблағи 1000-сомонӣ гирифтааст".
Алайҳи ин марди тамаъҷӯ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.