
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз охирҳои моҳи сентябри соли 2015 инҷониб нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯ ба коҳиш дорад. Дар корхонаҳои коркарди нафти Русия, ки аз воридкунандаи асосии маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон мебошад, бензину газ арзон шудааст.
1 т. бензин аз 41 ба 31 ҳазор баробар шуд
Аммо дар нуқтаҳои фурӯши бензини Тоҷикистон баръакс, нархи ин маҳсулот майл ба болоравӣ мекунад. Аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, агар нархи миёнаи фурӯши 1 тонна бензини навъи АИ – 92 дар корхонаҳои коркарди нафт бо шарти таъмин то истгоҳи роҳи оҳани Комбинатская моҳи сентябри соли 2015 41 000 рубли русиро ташкил медод, пас ин нишондод дар моҳи октябр ба 38 000 рубл, яъне 7,31 фоиз, моҳи ноябр 36 000 рубл -12,2 фоиз, моҳи декабр 33 000 рубл-19,5 фоиз ва ба 21 январи соли 2016 то ба 31 000 рубли русӣ -24,4 фоиз баробар шуд. Масъулини Хадамот ташаккули нархи фурӯши чаканаи сӯзишворӣ аз омилҳои тағйирёбии нарх дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафт, тағйирёбии қурби асъори миллӣ, фарқияти мубодилаи асъори дар бонкҳои тиҷоратӣ ва ҳаҷми маҳсулоти дар бозори Русия ва бозори дохилӣ вобаста медонанд. Айни замон, нархи фурӯши яклухти 1 тонна бензини АИ – 92 – и корхонаҳои коркарди нафти Русия дар заминаи маълумотҳои пешниҳоднамудаи ҶДММ «Газпромнефт - Тоҷикистон» бо шарти таъмин то истгоҳи Роҳи оҳани Комбинатская ба маблағи 255 доллар пешниҳод мегардад.
Хароҷоти таҳвил тавассути роҳи оҳан аз истгоҳи «Комбинатская» то истгоҳи «Бекобод» 223 долларро ташкил дода, дар натиҷа нархи 1 тонна бензин ба 478 доллар баробар мегардад.
Ҳангоми воридот дар сарҳади гумрукӣ барои 1 тонна бензин маблағи барасмиятдарории гумрукӣ 12 ва андози аксизӣ 59 доллар пардохт мегардад. Хароҷоти роҳ аз истгоҳи роҳи оҳани Бекобод то истгоҳи роҳи оҳани Спитамен ва дигар хароҷотҳо марбут ба интиқол ва тозакунии вагонҳо 17 доллар ва хароҷоти ҳамлу накл аз анборҳои вилояти Суғд то ба шаҳри Душанбе 77 долларро ташкил медодаааст, ки аз ин ҳисоб нархи озоди хариди 1 тонна бензин ба 631 доллар баробар мешавад.
Пешсафони бозори сӯзишворӣолигаполия мекунанд?
Ҳоло дар воридоти гази моеъ, 66 субъекти хоҷагидор ширкат доранд, ки аз ҷониби онҳо дар соли 2015 дар ҳаҷми 336 182,9 тонна ба маблағи 147 009,1 ҳазор доллари ИМА гази моеъ ворид карда шудааст. Дар бозори воридоти гази моеъ аз шумораи умумии воридкунандагон, ҳиссаи ҶДММ “Фароз” бо 12,16 фоиз, ҶДММ “Алфагаз” – 8,94 фоиз, ҶДММ “Газпромнефт - Тоҷикистон” – 8,64 фоиз, ҶДММ “Коир Ко” – 8,2 фоиз, ҶДММ “Мабдаи Нур” – 6,54 фоиз , ҶДММ “Темур Ойл” – 6,13 фоиз, ҶДММ “Аурум Спика” – 4,13 фоиз, ҶДММ «Газойл» - 4,06 фоиз, ҶДММ «Каёнуш Таъминот» - 3,92 фоиз ва ҶДММ «Умед - 88» - 3,03 фоиз чашмрас мебошанд.
Бинобар иттилои охирини Хадамоти зиддинҳисорӣ, 3 ширкат − “Газпромнефт-Тоҷикистон” бо ҳиссаи 46,8 фоиз, “Тоҷик петролиум” бо 10 фоиз ва “Умед - 88”бо 7,7 фоиз дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон пешсафанд. Аммо ба назари коршиносон чанд ширкат аз ин номгӯй байни худ гап як мекунанд, ки ба баланд шудани нарх сабаб мегардад, ки инро дар иқтисодиёт олигополия меноманд.
Коршинос: Бензин аз 4 сомонӣ боло набояд бошад! Бояд қайд намуд, ки дар мавриди сабабҳои то ҳол гарон боқӣ мондани нархи сӯзишворӣ сохторҳои марбутаи Тоҷикистон мавқеи гуногун доранд. Масалан, масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои об гаронии нархи сӯзишвориро ба арзон нашудани он дар худи Русия рабт медиҳанд, Хадамоти зиддинҳисорӣ бошад, аз гарон будани нархи интиқоли сӯзишворӣ ба кишвар. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, ки беш аз 90 дарсади маҳсулоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид карда мешавад: “Мо аксарияти бензину сӯзишвории дизелиро аз Русия ворид мекунем. Аммо дар корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар ҳам нарх чандон арзон нашудааст. Дар худи Русия ҳам нархи сӯзишворӣ каме арзон шуд, то 10 дарсад ҳамагӣ. Агар мо худамон нафтро оварда дар ҳамин ҷо коркард мекардем, гапи дигар мебуд». Аммо ба таъкиди вазир, аксарият ба сӯзишвории Русия бартарӣ медиҳанд, зеро тибқи шартнома, ин кишвар ба Тоҷикистон як қисмат сӯзишвориро бидуни боҷи гумуркӣ содир мекунад.
Сайдалӣ Зарифзода, сардори раёсати танзими монополияҳои табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ки ҳарчанд ширкати «Газпромнефт» дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон мавқеи ҳукмфарморо дошта бошад ҳам, аммо монополисти кул нест: “Агар хароҷоти то ба Тоҷикистон ворид кардани як литр бензинро ҳисоб кунем, нархи озоди хариди он ба 3 сомону 24 дирам баробар мешавад. Ҳар як субъект ҳақ дорад то 25 дарсад нархи изофавиро ҳамчун фоидаи хеш гузорад. Аммо агар мо 25 не, балки фоидаи ширкатҳоро 15 дарсад ҳисоб кунем, нархи як литр бензин 5 сомониву 35 дирам аст. Ҳол он ки нархи бензин дар мо аз ин ҳам арзонтар 5 сомониву 20−30 дирам». Ба гуфтаи Зарифзода, Хадамот мизони нархҳои бозигарони аслии бозори маводи сӯхтро ҳамеша таҳти назорат дорад. Аммо коршиносон сабаби аслии пойин нарафтани нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистонро ба риояи нашудани рақобати солим аз сӯйи воридкунандагони аслии маводи сӯхт марбут медонанд. Маҳз ҳамин рақобати носолим дар бозори бензини дохилӣ боис гаштааст, ки бозори сиёҳ дар ҷумҳурӣ ниҳоят рушд ёбад. Коршиносон ин ҳолатро ташвишовар арзёбӣ мекунанд. Аз рӯйи ҳисоби коршиносони иқтисодӣ ҳоло нархи сӯзишворӣ, махсусан нархи бензин дар Тоҷикистон набояд аз 4 сомонӣ бештар бошад. Ба андешаи иқтисоддон Камолиддин Асомиддинов, ҳоло нархи як тонна бензинро корхонаи коркарди нафти Орски Русия 33 ҳазор рубл мефурӯшад. Агар нархи роҳкиро барои як тонна 150 доллар ва 25 дарсад фоидаи ширкат зам шавад, нархи бензин набояд аз 4 сомонӣ боло бошад.
Усмон Раҳимзода,
«Тоҷикистон»