
Расонаҳои исроилӣ навиштанд ба ҷони Башор Асад дар маросими ҷанозаи модараш суйиқасд сурат гирифтааст.
Ба иттилои ин расонаҳо дирӯз 9 феврал ҳини ба хоксупории ҷисми модари Башор Асад ба тарафи ширкаткунандагони ин маросим тирпарронӣ шудааст. Дар ин тирандозӣ Башор Асад ҷон ба саломат бурда, аммо теъдоде аз муҳофизонаш кушта шудаанд.
Башор Асад, раисҷумҳури Сурия аст. Сурия аз соли 2011 ба ин сӯ вориди ҷанг шуда ва мухолифини Башор Асад хоҳони аз қудрат канор рафтани ӯянд. Ӯ аз соли 2011 ба ин сӯ қудратро нигоҳ дошта ва ҳоло раисҷумҳури ин кишвари ҷангзада аст.
Addthis: