
Шаҳрдори Хуҷанд дастур додааст, ки маҷидҳои ба қавли ӯ "зиёдатӣ"дар шаҳр ба сехи дузандагӣ ё чойхонаву кӯдакистон табдил дода шавад.
Раҷабой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд ин нуктаро 8 феврал дар ҷаласаи фаъолони Хуҷанд изҳор доштааст. Ӯ дар нишаст гуфтааст, агар дар як маҳалла 2 ё 3 масҷид воқеъ бошад ва фосилаи миёни ин масҷидҳо 50 ё 100 метрро ташкил диҳад, беҳтар аст, ба ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ табдил дода шаванд. “Ягон сехи дӯзандагӣ, чойхона кунед. Агар масҷиди калонтар бошад, кӯдакистон кунед, то ба мардум ҷойҳои корӣ шавад.”
Шаҳрдори Хуҷанд аз бесаводии баъзе имом-хатибон интқод намуда гуфтааст, ки алайҳи 11 сокини маркази Суғд барои ифротгаро парванда боз шудааст. Ба иттилои мақомоти расмиии Тоҷикистон ҳоло дар ин кишвар ҳудудан чор ҳазор масҷид ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 951 масҷид дар вилояти Суғд, масҷиди панҷвақта, 13 масҷиди ҷомеаи марказӣ ва 91 масҷиди ҷомеъ ҷойгир мебошад. Дар шаҳри Хуҷанд ҳоло 40 масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ фаъол мебошад.