Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Қаллобӣ дар сохтмони манзилҳо: дар ҳуҷҷат 9 - дар замин 12 ошёна

$
0
0

Алайҳи масъулони Сарраёсати меъмории Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо ҷурми фасодкорӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Масъулони ин ниҳод дар сӯистифодаи мақоми хидматӣ ҳангоми додани иҷозатномаи сохтмон гумонбар мешаванд. Дар ин бора аз идораи зиддифасоди КДАМ-и Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар моҳи феврали соли 2011 дар ҷаласаи шӯрои шаҳрсозӣ нақшаи омодасозии тарҳи сохтмонӣ дар кӯчаи Раззоқов №42 тасдиқ карда шуд. Баъд аз омодагӣ ва ҳамоҳангӣ бинои истиқоматии 12-ошёна сохта шуд. Ҳарчанд тибқи ҳуҷҷатҳо сохтмони бино танҳо 9 ошёна пешбинӣ шудааст.

Ба ҷуз аз ин, шароитҳои фаннии шабакаҳои хонасозӣ бозбинӣ нашуда, бастаи ҳуҷҷатҳо бо баррасиҳои ниҳодҳои махсуси давлатӣ вуҷуд надошт. Ҳангоми сохтмони ин бино шароити наздикшавии бемамонияти мошинҳои сӯхторнишонӣ ба ин бино ба инобат гирифта нашудааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тибқи моддаи «Сӯйистифода аз мақоми хидматӣ»-и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он идома дорад.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>