Сироҷиддин Аслов бо муовини Дабири кулли СММ ва дабири иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором(ЭСКАТО) дидор ва гуфтугӯ кардааст.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, нақлиёт ва ҳамгироӣ миёни кишварҳои узви ЭСКАТО-ро баррасӣ кардаанд.
Дафтари мабуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин хусус иттилоъ дода, афзудааст, ки тарафҳо дар атрофи тадорукот барои багузории ҳамоишҳои байналмилалии минтақавӣ, назири муколамаи роҳбарони кишварҳои Осиёи шимолӣ ва марказӣ дар чорчӯби ҷаласаи 72-юми ЭСКАТО гуфтугӯ кардаанд.
Қарор аст. ҳамоиши байналмилалии мазкур рӯзи 17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бонкоки Тайланд баргузор шавад.
Addthis: