
Масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯянд, раҳбарашон Шодӣ Шабдолов се моҳ боз ба далели табобат дар Русия қарор дорад.
Ба гуфтаи Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон оқои Шабдолов барои табобати бемориии чашмаш муддати се моҳ боз дар Русия ба сар мебарад. Ӯ гуфт, Шодӣ Шабдолов охирин бор 23 январи соли 2016 ба Тоҷикистон омада буд ва боз ба Маскав баргашт.
Талбаков дар суҳбат бо расонаҳо вазъи саломатии Шодӣ Шабдоловро хуб арзёбӣ кардааст.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ, ки 73 сол дорад, дар давоми солҳои 1989-2015 аз ҳизби коммунист вакили Шӯрои олии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагон буд. Аммо дар интихоботи парламентии моҳи марти соли 2015 ҲКТ камтар аз 5% раъй гирифт, ки ӯ ва муовинаш Талбаков ба парламент раҳ наёфтанд.
Мавсуф аз соли 1991 баъд аз Қаҳҳор Маҳкамов раҳбарии ҲКТ-ро ба ӯҳда дорад.