Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Баҳманмоҳи соли 1990, омилҳо ва қувваҳои асосии таҳрикдиҳандаи он аз забони Амирқул Азимов

$
0
0

Амирқул Азимов, собиқ Прокурори генералӣ ва  роҳбари пешини Шӯрои амният дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯйи тамддунҳо”-и профессор И.К.Усмонов хатари такрори ҳодисаҳои солҳои навадум дар Тоҷикистонро рад карда гуфт, ки дигар мардум сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд ва ба ҳеч гуна иғво дода нахоҳанд шуд.

-Имрӯз дар ҷаҳон ягон давлат аз хатар эмин нест ва Тоҷикистон ҳам. Аммо он ки мардум мисли солҳои навад аз дохил сар бардоранд, ин гуна хатар вуҷуд надорад. Чун он солҳо мо артиш надоштем, имрӯз давлат артиш дорад, мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ дорад – гуфт ӯ.

Маҳфили навбатии “Гуфтугӯйи тамаддунҳо”,  ки дар мавзӯъи «Баҳманмоҳи соли 1990, баҳона, сабаб ва қувваҳои асосии ин воқеа»гузашт, Амирқул Азимов, раҳбари гуруҳи тафтишотии ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 дар мавриди ҳақиқати додани фармони тирпаронӣ ба ҷониби эътирозгарон, аввалин кушташудагон, мансабталошиҳо, овозаҳои даст доштани Ёқуб Салимов, фалаҷи ҳукумати онвақта, овоза ё ҳақиқати кӯч бастани арманиҳо ва аз дасти  "муллоҳо"-ю гурӯҳҳои ҷиноятпеша,  ноором гардидани вазъият дар он хунрезиҳо суҳбат кард.

Ба гуфти Азимов, ҳаводиси баҳманмоҳ аз паҳни хабари  дурӯғ дар мавриди омадани ҳазорон армании фирорӣ ба Тоҷикистон ва додани хона ба онҳо сар задааст. Ба ақидаи ӯ дар ҳодисаҳои февралӣ асосан се қувва - "нимчамуллоҳои ифротӣ", гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва созмонҳои навташкил саҳим буда, ҳанӯз аз  январи соли 1990 дар масоҷиду корхонаҳо ва хобгоҳҳои донишҷӯён  дар бораи додани манзили зист ба арманиҳоро паҳн карданд.  9 феврал гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноӣ дар Душанбе ҷамъ шуда,  ба хулосае омаданд бар зидди арманиҳои фирорӣ чора андешида шавад. Шаби 10 ба 11 феврал гурӯҳи  ҷавонон ба хонаҳои араманиҳо, ки воқеъ  дар маҳаллаҳои Испечак, Авул ва Зарафшон буд, ҳуҷум карда, онҳоро латукӯб ва молу амволашонро ба яғмо бурданд.  Рӯзи баъдӣ ин гуруҳ бо афроди дигаре, ки муллоҳо ҷалб карда буданд, назди ҳайкали Ленин ҷамъ шуда, маслиҳати митингро намуданд ва назди бинои Кумитаи Марказӣ омаданд”.

“Дар асл ягон оилаи арманӣ дар Душанбе соҳиби хона нашуда буд ва ин тавр фикр ҳам набуд. Танҳо 48 нафар арманӣ аз нооромиҳо гурехта, ба хонаи хешу таборашон, ки дар Тоҷикистон буданд, паноҳ бурданд. Мо, тоҷикон миллати меҳмондӯст гуфта лоф мезанем. Аммо маҷбур шудем, ки он 48 нафарро ба тайёраҳо савор карда гусел кунем. Ин аст, меҳмондӯстии мо. То ҳол арманиҳо таъна мезананд.” – бо нигаронӣ ва алам гуфт сухангӯйи “Гуфтугӯйи тамаддунҳо”.

 Амирқул Насимович иддаоеро, ки гӯиё ҳеч касе аз роҳбарони вақти Тоҷикистон назди митингчиён набаромаданд, бепоя хонда, қайд кард, ки он рӯз Қаҳҳор Маҳкамов назди тазоҳуратгарон баромада, аз соати 2 то 3 ба ба онҳо фаҳмонд, ки овозаҳо дар бораи додани хона ба арманиҳо дурӯғ мебошанд. Ва воқеан мардум бовар карда он рӯз рафтанд. Аммо бегоҳии рӯзи 11 феврал боз дар масҷиду хобгоҳу корхонаҳо дар бораи омадани арманиҳо овозаҳо паҳн намуданд ва 12 феврал теъдоди одамон бештар шуда ба майдон омаданд. “ Бетартибиҳо оғоз шуданд. Аллакай соати 14:00  дар назди бозори “Баракат” 40 мағозаро ғорат карда, оташ заданд. Гурӯҳи асосӣ ба бинои Кумитаи Марказӣ ва Вазорати хоҷагии об зада даромад. Барои ҳимояи иншооти давлатӣ неруҳои махсус даъват шуданд ва дар бархӯрд чандин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осеб бардошт”, –афзуд номбурда.

Ба гуфти роҳбари гурӯҳи тафтишотии ҳаводиси баҳманмоҳ  вазъият торафт тезутунд мешавад “ва  кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ аз силоҳ истифода намуда, нахуст ба ҳаво ва баъдан ба тарафҳо тир холӣ карданд.” Номбурда афзуд, ки нахустин кушташуда  "митингчие буд, ки соати 14:45 сари чанбари автобуси “Икарус”, ки оташ зада шуда буд, нишасту сӯи бинои Кумитаи марказӣ ҳаракат кард. Ин дар наворҳо ҳаст ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯи ӯ тир холӣ карданд”.

Ба суоли “фармони холӣ кардани тир ҷониби эътирозгаронро кӣ дод, зеро Қаҳҳор Маҳкамов, раҳбари вақти Тоҷикистон изҳор дошта буд, чунин амрро надодааст?”.          Азимов посух дод, ки тиркушоӣ на ҳама вақт бо фармони раҳбари давлат мешавад: “Масалан, сарҳадбон вақте сарҳадшиканиро дид, метавонад тир кушояд. Кормандони милиса низ вақте диданд, автобуси оташгирифта сӯи даҳҳо нафар ҳаракат дорад, барои пешгирӣ аз хунрезӣ ҳақ доранд, аз силоҳ истифода кунанд. Силоҳ асосан алайҳи афроде истифода шуд, ки дар нооромиҳои баҳманмоҳ даст ба ҷинояткорӣ ва ғорати мардум мезаданд. Гурӯҳҳои ҷиноятпеша мошинҳои ашхоси аввали ҷумҳуриро ғасб намуда, дар кӯчаҳои Душанбе мардумро ғорату латукӯб мекарданд. Аллакай шаби 12 феврал соати комендантӣ ва дар Душанбе ҳолати фавқуллода эълон шуд. Бо вуҷуди ин ҷиноятпешаҳо бо мошинҳои ғасбкардаашон рафтуо намуда, ба ҷинояту ғоратгарӣ даст мезаданд. Ин ҳодисаҳо шабҳои 12-14 феврал идома доштанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳақ доштанд алайҳи ин саркашҳо аз силоҳ истифода кунанд”.

Амирқул Насимович дар идома гуфт,  ки дар ҳаводиси баҳманмоҳ, вақте масъалаи арманиҳо  аз миён рафт, эътирозгарон истеъфои роҳбарони ҷумҳуриро ба миён гузоштанд. Ба гуфтаи ӯ, эътирозгарон намояндагони худро барои гуфтушунид бо ҳукумат пешниҳод карданд, ки “Кумитаи 17” унвон гирифт.  Азимов илова намуд, ки зимни гуфтушунид таҳти фишор роҳбарони вақт – котиби аввали Кумитаи марказӣ Қаҳҳор Маҳкамов, сарвазир Иззатулло Ҳаёев ва раиси раёсати Шӯрои Олӣ, порлумони вақти Тоҷикистон -- Ғоибназар Паллаев зери санади истеъфояшон имзо гузоштанд, аммо пленуму парлумон онро қабул накард: “Истеъфо зери фишор буд. На барои он ки роҳбарони Тоҷикистон аз касе тарсиданд, балки мехостанд, аз хунрезӣ пешгирӣ кунанд, зеро вақте дар утоқи гуфтушунид буданд, намояндаи гӯё мардум медаромаду мегуфт, ки шумо ҳоло ҳам ба протоколи истеъфо имзо нагузоштаед, он ҷо автобус, хона ё мактабҳоро бо одамон оташ мезананд”.

Азимов ботаассуф гуфт, ки  ҳодисаҳои  баҳманмоҳ бояд барои ҳама панд мешуд, аммо ба баҳои нодурусту  шарҳҳои гуногун дар ВАО-и вақт, ҷойҳои ҷамъиятию масҷидҳо боис шуд, ки хунрезиҳои соли 1992 такрор шаванд. Вай аз ҷумла, аз инъикоси нодурусти ҳаводиси баҳманмоҳ дар нашрияҳои "Чароғи рӯз", "Сухан", "Адолат", варақаи "Растохез", "Адабиёт ва санъат"ботаассуф  карда, гуфт: ”Агар ба ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 баҳои ҳамвазн, якдилона ва воқеӣ дода мешуд, хунрезиҳои солҳои баъдӣ такрор намешуданд: “Ин бад кардан нест, бигзор панд шавад”, -афзуд номбурда.

Он гунае ки роҳбари гурӯҳи тафтишотии ҳодисаҳои баҳманмоҳ Амирқул Азимов, гуфт, ки дар ҳаводиси соли 1990 25 нафар кушта ва 291 кас ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин теъдод 122 нафар бо корд захмӣ шудаанд. Ӯ изҳор дошт, дар робита ба ҳаводиси баҳманмоҳ 121 нафар ба ҳабс гирифта шуда, нисбати 700 тани дигар  ҷазо таъин шуд.

Дар маврди даст доштани Ёқуб Салимов ва Иззатулло Ҳаёев ба ташкили ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990, Азимов қайд кард, ки ин овозаҳо беасосанд ва “Ёқуб Салимов дар ин қазия даст надорад ва он шабурӯз умуман дар Душанбе набуд.”

Ба суол “Чӣ бояд кард, ки имрӯз Тоҷикистон аз хатарҳо эмин бошад?” меҳмони “Гуфтугӯйи тамаддунҳо” собиқ Прокурори генералӣ ва раиси шӯрои амният, роҳбари гурӯҳи тафтишотии ҳодисаҳои баҳманмоҳ Амирқул Насимович Азимов гуфт: “Дар доираи қонун бояд амал кард. Тамом!”

Гузориши Одили НОЗИР,

“Тоҷикистон”

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>