Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Таъкиди Э. Раҳмон барои ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳои СММ

$
0
0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо Шамшод Ахтар гуфт, ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ҳамаи сохторҳои Созмони милал идома хоҳад дошт.


Имрӯз, 5 феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Шамшод Ахтар, Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором(ЭСКАТО) ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории иҷтисодиб иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни баёни омодагии Тоҷикистон барои ҳамкори бо тамоми сохторҳои Созмони Миллал таъкид дошт:“Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо ҳама сохторҳои дахлдори Созмони Милал ба вижа бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмон барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором фаъолона ва пайгирона идома хоҳад дод”.

Ҳамчунин дар ин мулоқот дар атрофи ҷамъбасти натиҷаҳои конфронси душанбегӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015”, иқдоми навбатии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҷаласаи 10-уми Шӯрои Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар Душанбе, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои маҳсур дар хушкӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо модернизатсияи шоҳроҳҳои мошингарду роҳҳои оҳан, рушди бахши кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳот, иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон, аз қабили CASA-1000-ро барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ амри муҳим шумориданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>