Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

"Чину Эрон  ва фоҷиаи Афғонистон"аз оинаи матбуоти ҷаҳон    

$
0
0

Рӯзномаи  «The Guardian»-и Британияменависад, президенти ҶМЧ Си Ҷинпин аз аввалин сафари худ ба Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ баргашт. Роҳбари Чин ният дошт, ки сармоягузории мувозин ва бетарафро миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ нигоҳ дорад. Вале пурра ин кор ба Пекин муяссар нагардид. Натичаҳои иқтисодии сафар ҳам ҳархела аст. Коршиносон ҳамчунин боварӣ надоранд, ки кӯшишҳои Чин барои мавқеъи махсус ёфтан дар бозори Эрон муваффақ хоҳад буд. Пас аз бардоштани таҳримҳои ИА ва ИМА, Теҳрон интихоби озоди шариконро ба даст меорад ва шояд нисбат ба  ширкатҳои чинӣ ба  ширкатҳои ғарбӣ  бартарӣ медиҳад.

       Рӯзнома менависад, ки барои Пекин Шарқи Наздик  - шарики калидист ва  аз ин минтақа Чин 54 дарсади истеъмоли умумии нафтро ба даст меорад. Вазифаи асосии роҳбари Чин нигоҳ доштани мувозинат миёни ду мухолифи сиёсӣ – Арабистони Саудӣ ва Эрон буд. Қисман ин амалӣ шуд ва Теҳрону Ар-Риёз расман муносибаташонро ба “шарикии стратегии ҳамаҷониба” табдил доданд. Вале бетарафии пурраро Си Ҷин Пин нигоҳ дошта натавонист. Дар натиҷаи мулоқот бо шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон, ҷонибҳо ба натиҷае расиданд, ки “ҳукумати қонунии Яманро дастгирӣ мекунанд”. Баъдан котиби матбуотии ВКХ-и Чин Хун Лэй хост, ки вазъиятро ҳамвор созад ва зикр намуд, ки “Чин хоҳишманди бозгашти эътидол ва музокирот аст, на ин ки пирӯзии яктарафаро мехоҳад”.

     «The Guardian»-и Британияменависад, Эрон кӯшиш намуд, ки  дастовардҳои  тактикиро дар майдони рақобати иқтисодӣ ба роҳ монад. Теҳрон ва Пекин натанҳо 17 созишнома ба имзо расониданд (3 созишнома зиёдтар аз Арабистони Саудӣ), балки   дар соҳаи сиёсат, иктисод, амният ва энергияи ҳастаӣ, боз ба натиҷае расиданд, ки давоми 10 сол ҳаҷми лоиҳаҳои муштарак  ва тиҷоратро то ба 600 млрд доллар расонанд. Ба ҳар сурат, кафолате нест, ки дар шароити кунунӣ, пас аз манъи таҳримҳои ғарб, Эрон танҳо бо шарикони чинӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

 

                          Афғонистон: боз як фоҷеа

 

   Рӯзномаи «Le Monde»-и  Франсияменависад, ки ҳанӯз фоҷеаи қатли духтари ҷавони афғон бо номи Фархунда аз ёдҳо нарафта,  ҳодисаи дигаре ин кишвари ҷангзадаро ба ларза овард. Гурӯҳи террористии «Толибон» бо як амалиёти маргталабона 7 нафар аз кормандони шабакаи телевизионии Афғонистон «Тулӯъ»-ро ба қатл расонида ва  зиёда аз 20 нафари дигарро захмӣ карданд.   Ин ҳодиса дар рӯ ба рӯи бинои сафоратхонаи Федератсяи Русия дар Кобул рух дод ва ҷангиёни ҳаракати «Толибон» масъулияти ин ҳамларо бар душ гирифтаанд. Кормандоне,ки пас аз анҷоми як рӯзи корӣ таввасути нақлиёти хизматӣ азми сафар ба хонаҳои худро доштанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Муҳаммадҷавод Ҳусайнӣ ба ҳайси танзимгар 7 сол боз дар ин шабака фаъолият дошт.Зайнаб Мирзоӣ 2 сол боз дар бахши дубляж кор мекард. Меҳрӣ Азизӣ ва Марям Иброҳимӣ ҳамагӣ 6 моҳ пеш  дар бахши дубляж ба кор оғоз карда буданд. Ҳусайн Амрӣ бошад,  7 сол пеш   ба ҳайси ороишдиҳандаи студия  ба фаъолияти шуруъ кард.   Иттифоқи журналистони Афғонистон 20-уми январро   дар таърихи кишвар ба унвони чоршанбеи сиёҳ сабт кард.

   Рӯзномаи “Ҷоми Ҷам”-и Эрон менависад, ки телевизиони “Тулӯъ” натанҳо дар Афғонистон, балки берун аз он ҳам бинандагони зиёд дорад. Созмони афви байналмиллал, Эъломияи  Ҳуқуқи Башар, намояндагии СММ дар Кобул ин ҳамларо шадидан маҳкум карданд. Онҳо ҳама гуфтаанд, ки ин ҳамла мухолиф бо арзишҳои инсонист ва аслан қобили тавҷеҳ намебошад. Худи “Толибон” бо пахши эъломияе иддаои масъулияти ин ҳамларо кардаанд ва гуфтаанд, ки телевизиони “Тулӯъ” гузоришҳои ғайри воқеъбинонаро нашр мекунад. Онҳо дар ин эъломия аз ҳодисаҳои Қундуз тавассути ин телевизион ёдовар шудаанд ва гуфтаанд, ки гузоришҳои “Тулӯъ” дар бораи ин, ки гӯё “Толибон” баъд аз гирифтани Қундуз ба занон таҷовуз кардаанд, воқеият надорад.

    Рӯзномаи “Сухани ҷадид”-и Афғонистон менависад, дар гузашта хабарнигорон дар ҳаводиси мухталиф аз тарафи гурӯҳҳои ҷангҷӯ  мавриди ҳамла қарор гирифтаву ҳалок шудаанд.  Аммо дар як ҳодиса, ба ин теъдод аз хабарнигор ҳалоку захмӣ нашуда буданд ва ин ҳодиса дар таърихи Афғонистон собиқа надорад. Рӯзнома ёдовар мешавад, ки бо рӯи кор омадани низоми нав дар Афғонистон, ин дар оғоз радиои «Тулӯъ»  буд. Баъдан аз як шабака ба ду шабака ва аз ду шабака ба се шабака густариш ёфт, ки нишондиҳандаи комёбии ин телевизион дар саҳнаи фаъолияташ дониста мешавад. Аз шабакаи тафреҳӣ ба шабакаи хабарӣ ва аз шабакаи дарӣ ба шабакаи пашту ва сипас ба як гурӯҳ бо номи “Мубӣ Групп” мубаддал шуд. Раҳбарии онро аз оғоз то ҳол, яъне аз соли 2002 Саъд Муҳсинӣ бар уҳда дорад.  Соли гузашта «Толибон» эълон карда буданд, ки телевизиони «Тулӯъ»-ро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.

 

               Давосчиро нишон дод?

 

    Рӯзномаи «The Financial Times»- Британияменависад, дар минтақаи сайёҳии Давоси Швейтсария 45-умин  анҷумани солонаи ҷаҳонии иқтисодӣ баргузор шуд. Дар ин нишаст беш аз 2500 намояндагони ҳукуматҳо, тоҷирон, созмонҳои умумиҷаҳонӣ аз 100 кишвари ҷаҳон ва иқтисодчиёни 50 давлати дунё ташриф оварданд. Дар баробари вазъи иқтисодиёти сайёра иштирокчиён масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили коҳишёбии арзиши нафт, бекор кардани таҳримҳо нисбат ба Эрон ва ҷорӣ кардани таҳримҳои нав, заиф шудани суръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таҳдиди терроризмро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Аммо мавзӯи асосие, ки мавриди таҳлили иштирокчиёни форуми навбатӣ қарор гирифт, ин зиёд шудани нафарони сарватманд ва ҳамзамон афзоиш ёфтани сатҳи қашшоқӣ дар бисёр давлатҳои ҷаҳон буд.

 Як рӯз қабл аз оғоз шудани форум расонаҳои иттилоотии ҷаҳон маълумоти омориро интишор намуданд, ки тибқи он  62 нафар сарватманди ҷаҳон нисфи зиёди дороии мардуми сайёраро дар ихтиёр доранд. Ҳамчунин маълум шуд, ки 1 дар сади одамони рӯи замин аз боқимонда 99 дар сади дигар сарваташон зиёд мебошад. Зимни форуми иқтисодӣ ҳамчунин вазъияти Шарқи Наздик  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии «Давос» мавзуи муҳими дигар матраҳ гардид, ки ин тағйирёбии иқлими сайёра мебошад. Дабири кулли СММ Пан Ги Мун зимни суханронӣ аз иштирокчиёни форум тақозо кард, ки оид  ба амалӣ гаштани тавофуқномаи тағйирёбии иқлим, ки чанде пеш дар Париж ҳосил шуд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Пан Ги Мун дар идома афзуд, ки дар сурати иҷро нашудани тадбирҳо аз пешгирии гармшавии сайёра рушди иқтисодиёти тамоми ҷаҳон халалдор мегардад. Дар форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос вақте сухан дар бораи тағйирёбии иқлими сайёра ба миён омад, вазири корҳои хориҷаи Франсия Лоран Фабиус изҳор кард, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ роҳбарони даҳҳо кишварҳои ҷаҳон бори дигар дар шаҳри Париж ҷамъ омада, тавофуқномаи тағйирёбии иқлимро, ки қаблан ба даст омада буд, тасдиқ менамоянд.

 Рӯзномаи «The Financial Times»- Британияменависад, ки Швейтсария ҳамчун майдони музокира бисёр роҳат аст, зеро дар ИМА ва ИА ин роҳбарон даъват намешуданд, аммо дар Давос иҷозат буд. Коршиносон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои шомил нашудани Швейтсария ба ИА ҳам, ҳарчанд даъват шуда буд,    мақомашро аз даст надодан аст.

Ҳоло ин ташкилоти ғайридавлатӣ, ҳамчун ташкилоти вохӯрии солона дар Давос ном гирифтааст. Аъзоёни ин анҷуман зиёда аз 1000 ширкати бузург аз тамоми кишварҳои ҷахон мебошад. Буҷаи созмон аз ҳақи даромад ва маблағе, ки барои дохилшавӣ пардохт мегардад, пур карда мешавад. Мавзуи музокироти ин созмон бештар мушкилоти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Коршиносон мегӯянд, ки ҳарчанд Давос пеш аз анҷумани озмоишӣ будан,  анчумани сиёсӣ аст ва ҳамасола дар ин ҳамоиш масъалаҳои муҳим баррасӣ мегарданд, аммо на ҳама вақт ҳалли худро меёбанд.   Масъалаи буҳрони минтақаи Аврупо, боқӣ мондани Британия дар узвияти ИА, вазъи иқтисодии Амрико, қазияи Сурия, ки чандест дар созмонҳои дигари бузурги ҷаҳонӣ ҳал намешаванд, гумон аст, ки дар ин ҳамоиш пурра ҳали худро биёбанд.

 

Марсело Ребелу ди Соза

Марсело Ребелу ди Соза – сиёсатмадори Португалия, собиқ вазир ва аъзои парлумон, профессори ҳуқуқ, ҳамчун журналист ҳам фаъолият кардааст, сиёсатмадори таҳлилгар ва шореҳ мебошад. Президенти нави Португалия консерватор Марсело Ребело ди Соза  бо 52 дарсади раъй 25 январи соли 2015 дар интихобот пирӯз шуд. Ребело ди Созаро ростгароҳо аз ҳизби сотсиал-демократ, ки ӯ дар солҳои 90-ум роҳбарӣ мекард, дастгирӣ намуданд. Собиқ устоди ҳуқуқи донишгоҳи Лиссабон 67 сол дорад. Тайи солҳои охир ӯ маъруфтарин сиёсатмадори таҳлилгар дар телевизиони Португалия буд.

 Марсело Ребелу ди Соза 12 декабри соли 1948 дар Лиссабон ба дунё омадааст. ӯ фарзанди Балтасар Ребелу де Соуза ва Мария дас Невес Фернандес Дуарте мебошад.   Падари ӯ машҳуртарин сиёсатмадори Португалия, собиқ губернатори Мозамбик ва дар ҳукумати Антониу ди Салазарвазир мебошад. ӯ  донишгоҳи Лиссабонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. У профессори ҳуқуқ ва публитсист дар факултаи ҳуқуқшиносии Лиссабон дарс мегӯяд.  ӯ фаъолияташро ҳамчун ҳуқуқшинос ва баъд журналист огоз кардааст. Соли 1974 Ребело ди Соза ба ҳизби сотсиал-демократ шомил шуд. Баъдан вакил дар парлумон, котиби шӯрои вазирон, вазири корҳои парлумонӣ, роҳбари ҳизби сотсиал-демократ дар солхои 1996-1999 буд. Марселу Ребелу ди Соза барномаи сиёсӣ-таҳлилӣ дошт, ки ҳар рӯзи якшанбе дар канали RTPпахш мешуд. Соли 2010 ба канали  TVI бармегардад, ки қаблан фаъолият мекард. Марсело Ребелу ди Соза мегӯяд, ки танҳо 4-5 соат хоб меравад, то ду китоб дар як рӯз мехонад.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>