Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ду моҳи дигар ба ҳабси пешакии Бузургмеҳр Ёров "изофа"шуд

$
0
0

Масъулини додгоҳ гуфтаанд, барои анҷоми пурраи тафтишот ҳабси пешакии Бузургмеҳр Ёровро ду моҳи дигар тамдид кардаанд.

Дар ин хусус Додгоҳи Исмоилии Сомонии шаҳри Душане ба расонаҳо иттилоъ додааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтааст, тасмими мазкур ба хотири пурра анҷом ёфтани тафтишот  бар асоси маоддаи 112-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ гирифта шудааст.

Пайвандони Буззургмеҳр Ёров дар суҳбат ба расонаҳо ин хабарро тасдиқ карда гуфтаанд: "Бузурмеҳрро рӯзи панҷшанбе ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ оварданд. Ӯро аз наздик дидем. Вазъу ҳолаш хуб буд" .

Бузургмеҳр Ёров баъди дифоъ аз 13 тан узви олии раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Додгоҳи олӣ фаъолияташ мамнӯъ шуд, боздошт ва зиндонӣ шуд. Мақомот ӯро ба қаллобӣ ва сохтакории санадҳо айбдор мекунанд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>