Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Соли 2016 аз Маскав ба Душанбе "807 тобути тоҷик оварда шуд"

$
0
0

Вазири меҳат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз марги тоҷикон дар Русия изҳори тассуф ва нигаронӣ карда гуфтааст, ки дар соли 2015 807 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба ҳалокат расид.


Ин нуктаро Тағозода Сумангул зимни багузории нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошта, таъкид намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ нисбат ба соли 2014 аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа 18 дарсад коҳиш ёфтааст. Хомун Тағозода қайд мекунад, ки соли 2015 аз ҷумҳурӣ 552 596 нафар ба хориҷ ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ сафар кардаанд. Ин рақам дар соли 2014 ба 118 210 нафар баробар будааст.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ марги муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷ аз кишварро яке аз масъалаҳои доғ ҳисобида гуфт, ҳар сол садҳо тан дар хориҷ аз кишвар ба ҳалокат мерасанд: “Теъдоди шаҳрвандони фавтида дар соли 2015 дар хориҷи кишвар 807 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам соли 2014 869 нафар буд. Ҳарчанд фавти шаҳрвандон коҳиш ёфтааст, вале то ҳол нигаронкунанда мебошад”.

Ин арқом дар ҳоле ироа мешавад, ки манобеи ғайрирасмӣ аз меҳоҷирати рузафзуни шаҳрвадони Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар хабар медиҳанд. Ин гузоришҳои ғайрисамӣ шумори марги тоҷикон дар Русияро бештар нишон медиҳанд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>