
Ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ба ваъдаи баландбардории андозаи нафақаю моҳонаҳо ва имтиёзу стипендияҳои кормандони буҷетиро тобистони соли равон вафо мекунад.
Тавре директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар Худобердӣ Холиқназар ҳангоми нишасти матбуотӣ 11 январ дар ин бора иттилоъ дода гуфт, маблағҳои мазкур моҳҳои июн-июли соли 2016 пардохта мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2015 бояд пардохтани маблағҳоро барои нафақахӯрону стипедияи донишҷӯён ва моҳонаи кормандон буҷет аз 15 то 25 %, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 20% баланд роҳандозӣ мекард. Ба ин мақсад аз буҷети давлатӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 329 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Addthis: