
Тарҳи қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"аз суйи викилони парлумон ба тасвиб расид, ки бар асоси он илова кардани мулло тура, хуҷа, суфӣ ...ба номҳо манъ аст. Ин пешниҳод дигар ба тоҷикон ҳақ намедиҳад, ки ба худ номҳои мулло, тура, хуҷа, эшон, суфиро бигиранд.
Имрӯз, 13 январ ин қонун ба муҳокимаи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки зимни баҳсу мунозира вакилон якдилона қонунро қабул карданд. Шоҳмурод Рустам, Вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ҳадафи ин қонун тибқи фарҳанги миллӣ номгузорӣ кардани одамон аст. Ӯ дар тавзеҳи ин қонун таъкид кард, ки минбаъд гузоштани таххаллус ва пасвандҳое, ки боиси тафриқа ва ҷудои байни шаҳрвандон мешавад, манъ хоҳад шуд.
Дар рафти қабули қонуни мазкур Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар хусуси пешниҳоди феҳристи номҳо аз ҷониби Кумиттаи забон ва Академияи илмҳо суҳбат намуда, гуфт номгузорӣ танҳо бо ин феҳрист маҳдуд нашуда, шаҳрвандон метавонанд аз номҳое, ки ба фарҳанги миллии тоҷикон мухолифат надоранд, низ истифода кунанд.