
Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар тағйироти нави сарқонун, ки қарор аст, моҳҳои наздик дар Маҷлиси намояндагон муҳокима ва раъйпурсии умумӣ гузошта шавад, синни президентӣ аз 35 ба 30 пойин оварда мешавад. Ҳамчунин фаъолияти аҳзоби характери динидошта низ мамнуъ мешавад.
Хабаргузории "АП"бо истинод ба манобеи худ ин хабарро тасдиқ карда навишт, ки тағйироти нав дар Сарқонун ба синну соли президент ва фаъолияти аҳзоби характери динидошта марбут будааст.
Ин мавзуъ замоне матраҳ мешавад, ки қаблан Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфта буд, соли 2016 дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Тибқи иттилои ин манбаъ, мавзуи тағйиру иловаҳо ба Сарқонун дар як ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 қабул шуда, ба он ду маротиба тағйиру иловаҳо- аввал дар соли 1999 ва сонӣ дар соли 2003 ворид шудааст.