
Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, барои таҳқиқи ҳамлаҳои гургҳо ба деҳоти навоҳии Ғончӣ як комиссияи махсус таъсис ёфт.
Маълум шуд, ки то ба имрӯз гургҳо ба таври дастаҷамъӣ дар ин ноҳия ҳудуди 100 саг ва теъдоди номаълуми моли хонагиро хӯрдаанд.
Ҳоло як комиссияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят ва ноҳия ба ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ ва Овчии ноҳияи Ғончӣ сафар карда, масъаларо таҳқиқ мекунанд. Барои ҷилавгирӣ аз хатари гургҳо ба молу ҷони мардум барои шикорчиён тир ва силоҳ ҷудо карда мешавад.
Сокинони деҳоти Басманда, Угук ва Овчӣ гуфтаанд, ки сабаби беамалии мардум қонунгузории ҷорӣ аст, ки бино ба он, кӯштани гургҳо манъ шудааст ва сокинон аз хавфи љазо гирифтан ба гургҳо тир намекушоянд. Ба қавли онҳо, милтиқҳои шикории мардумро мақомот ҷамъ карда гирифтаанд.
Дар як ҳафтаи охир бо сард шудани ҳаво бедодгарии гургҳо дар баъзе деҳоти ноҳияи Ғончӣ сокинонро нигарон кардааст.
Дар чанд рӯзи охир деҳоти Овчӣ, Угук ва Басманда гургҳо ба ин деҳот ҳамла карда, даҳҳо сагро куштаанд. Ба ҳисоби сокинон, дар ин се деҳа наздик ба 50 сагро гургҳо хурдаанд.
Як сокини ноҳия мегӯяд, ки “гургҳо шабонгоҳ вориди деҳот мешаванд, ки мардум аз тарс аз манзилҳояшон берун намешаванд. Аз он, ки чорвои мардум низ дар оғилҳо маҳкам аст, сагҳо ҳадафи ҳамлаи гургҳо қарор мегиранд”.