
Дар интернет наворе нашр шуд, ки 6 ҷангҷӯи маргталаби “Тавҳид вал-Ҷиҳод”-ро дар БТР-и ҳомили маводи тарканда нишон медиҳад.
Дар навор ҷангҷӯён бо забони ӯзбекӣ мегӯянд, барои “хурсанд кардани Аллоҳ” мераванд.
Дар ин навор ба фарқ аз наворҳои пешини ҷангҷӯёни ӯзбек номи “муҷоҳидон” ифшо намешавад. Ҳамчунин маълум нест, ки ин ҷангҷӯён шаҳрвандони кадом кишваранд.
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои қудратии Қирғизистон хабар доданд, ки рӯзҳои охир дар ҷануби ин кишвар 10 нафареро, ки аъзои гуруҳи террористии “Тавҳид вал-Ҷиҳод” буданд, боздошт кардаанд.
Тибқи бархе аз маълумот, “Тавҳид вал-Ҷиҳод” гуруҳи алоҳидаи ҷангҷӯёни ӯзбек аст, ки аз соли 2014 дар ҳудуди Сурия алайҳи артиши президент Асад меҷангад.
Ин гуруҳ бо таъсиси саҳифаҳои худ дар интернет ӯзбектаборонро ба сафи худ ҷалб мекунад.
То кунун маълумоти дақиқе дар бораи теъдоди ҷангҷӯёни “Тавҳид вал-Ҷиҳод” дастрас нашудааст.